⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала
Т

Тоҷику - فارسی

ҲУРМАТИ ПАДАРУ МОДАР!


Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию чунун аз бадар кун!

Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки дигар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.

Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.

Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.



✍️ НОСИРИ ХУСРАВ.
 
П

Пайрави Иқбол

..

Аз мусалмонии ин фирқа басо шак дорам,
Зи башар буданашон ҳам бахудо, шак дорам.

Ман аз ин аксари ҳукком агар ҳам бошанд...
Соҳиби маърифату ақли расо, шак дорам.

Ман дар ин шаҳр аз оне, ки сухан мегӯяд.
Баҳри тадбиру мувосо ба шумо, шак дорам.

Ман ба он шоъири ҳақгӯ ки қаламро созад,
Сарф дар масъалату мадҳу сано, шак дорам.

Ман ба он роҳнамое, ки ба минбар биншаст,
Гуфт аз ришваю покиву риё, шак дорам.

Ман ба он бехираде, ки ба сари тахт нишаст.
Гар кунад марҳамати аҳли зиё, шак дорам.

Ва ба он ҳокими худкома ки паймон бишкаст.
То дигарбора кунад аҳду вафо, шак дорам.

Ман ба он золими хунхор, ки бовар дорад...
Ба дурустии қиёмат ва Худо, шак дорам.
 
И

ИҚТИБОСИ РӮЗ

Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.

Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.

Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.

Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд расули маданӣ нест.

Бар мурдадилон панд мадеҳ хеш маёзор,
Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.

Бо марди худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст оташ заданӣ нест.

Хушнуд машав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.

Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.

Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.

Шамси Табрезӣ
 
Верх Низ