⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала
Т

Тоҷику - فارسی

Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кўҳи побарҷо шудем.

Сад ҳазорон Ман ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон Мо шудем.

Ҳосили ҳамдасту ҳампоӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.

Меҳри ҳам варзида, қад афрохтем,
Қадри ҳам дониста, сарболо шудем.

Дасти ҳам бигрифта, ҳамчун ҳарфҳо
Рўи авроқи Ватан маъно шудем.

Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рўдакӣ бино шудем.

Доруи дарди ҷудоӣ ёфтем,
Вориси арзандаи Сино шудем.

Рў ба роҳи ҳақ ниҳодем аз дигар,
Рострав чун сатри Мавлоно шудем.

Бин ба мо ҳар субҳ чун бар Офтоб –
Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем!

@H_Mavlaviy
 
Т

Тоҷику - فارسی

Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Шабе бепечутоб ором хуфтаст?
Кӣ дар овони ҳаждаҳсолагияш
Ба номи духтаре шеъре нагуфтаст?

Даруни дарс аз устод пинҳон
Ба номи духтаре хат менавиштам.
Таровишҳои эҳсоси диламро
Барои ёри хушқад менавиштам.

Ба ӯ ман нома медодам ниҳонӣ
Даруни баргҳои гул ниҳода:
“Туро ман дӯст медорам чу Маҷнун,
Чу ҳуснат бод ишқи ман зиёда...”

Зи пушти курсӣ аз устод пинҳон
Қатори кокулашро мешумурдам,
Ва бо занҷираи мӯи маҳинаш
Диламро баста бар ӯ месупурдам.

Даруни дарс аз курсии охир
Хаёли ман сарашро шона мекард,
Ту гӯӣ меҳри ӯ монанди кафтар
Дар аъмоқи дили ман хона мекард.

Дили ман коғази нанвиштае буд,
Дар ӯ номи варо бинвишта будам.
Ҷавони навраси нокордида
Ба ӯ аз содагӣ дил ҳишта будам.

Вале, ҳайфо, садои занги охир
Садои интиҳои ишқи мо буд.
Ту гӯӣ аз ҷавонии гузашта
Зи дашти дур чун бонги фано буд.

Ҳама дар роҳҳои зиндагонӣ
Ба ҷустуҷӯи бахти хеш рафтем,
Ба сар андешаи фардои дунё,
Ба дил бори ғаму ташвиш рафтем.

Ҳавасҳо чун сабақҳо рафт аз ёд,
Ҷавонӣ ҳамчу тири бархато рафт.
Ризо будем мо аз орзуҳо,
Ҷавонӣ лек аз мо норизо рафт.

Вале бо сӯхтанҳои ниҳонӣ
Шароре аз нигини ӯ гирифтам.
Нахустин сатрҳои шеъри худро
Ман аз мӯи маҳини ӯ гирифтам.

ЛОИҚ ШЕРАЛӢ.🌿🌿🌿
 
Т

Тоҷику - فارسی

Зиндагӣ гаҳ шодиву гоҳе ғaм аст,
Гаҳ нишоти беш дорад, гаҳ кам аст.
Ғофил аз умри азизи худ мабош,
Буди мову ту, бародар, як дам аст.
Дар раҳи бебозгашти зиндагӣ,
Чашми ғамнокон ҳамеша пурнам аст.
Муслимо, гар лаб даме тар мекунӣ,
Хонаи дил рав, ки оби Зам-зам аст.
Румию Иқболу Атторанд пир,
Мисли ишон шайху мавлоно кам аст.
Аз ниҳоли сарбаланде суд нест,
Шоха чун пурбор бошад, сархам аст.
Он ки бо тезӣ мурувват мекунад,
Дӯстону душманонро ҳамдам аст.
Эй азиз, аз илми “Қуръон” баҳра гир,
3-он ки он панди Расули Акрам аст.
“Ончӣ дар одам биғунҷад, олам аст,
Он чӣ дар олам нағунҷад, одам аст.”
Огаҳӣ, бар шеъри Иқболаш нигар,
Дар ақоид пои ӯ мустаҳкам аст.🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷🌷
 
Т

Тоҷику - فارسی

Нақши маъкуси нигин аз саҷда меояд ба рост.
Сарнавишт вожгунро рост месозад намоз.
Нигин ба маъно мӯҳр аст. Яъне печат .
Маъкус маънояш чаппа.
Агар сарнавишти инсон чаппа навишта шуда бошад ҳам вақте, ки сажда кард рост мегардад.
Мӯҳр ҳарфаш чаппааст вақте, ки сар ба замин зад рост мешавад.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Расми дунё дар ҳамин аст он, ки омад рафтанист,
Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.
То тавони халқро аз худ маранҷон бо сухан,
Он, ки болотар нишинад охараш афтоданист.
Умру ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад, вале
Шишаи умри гаронат охираш бишкастанист.
Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост
Хирқаи зар ҳам бипуши, симу зар нобурданист...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Расми дунё дар ҳамин аст он, ки омад рафтанист,
Баъди рафтан номи некат бар забонҳо монданист.
То тавони халқро аз худ маранҷон бо сухан,
Он, ки болотар нишинад охараш афтоданист.
Умру ҷонат гарчи умри Нӯҳ ҳам бошад, вале
Шишаи умри гаронат охираш бишкастанист.
Дил мабанд бар моли дунё, моли дунё бевафост
Хирқаи зар ҳам бипуши, симу зар нобурданист...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Илоҳӣ аз карам бар осиёнат лутфу эҳсон кун,
Саводи номаҳоро шустушӯ дар баҳри ғуфрон кун.

Макун шармандаи рӯзи ҷазо ин хоки осиро,
Зи лутфи худ ба ин аҳли хиҷолат сатри исён кун.

Ба бемори гунаҳ набвад ба ҷуз лутфи Ту доруе,
Ҳакими ҳозиқи, бар дарди ҳар дармонда дармон кун.

Ба вақти ҷон гирифтан деви малъун ҳамла меорад,
Саломат бандагонро аз қариби шарри шайтон кун.

Ба вақти қабз кардан ҷони ширин талхие дорад,
Ба фазли хеш ё Раб, мушкили моро ту осон кун.

Малакҳо дар лаҳад бо гурзи оташбор меоянд,
Саволашро ҷавобаш бо савоб аз лутф фармон кун.

Чу сабза сар кашад дар рӯзи маҳшар одамӣ аз хок.
Ба гармои қиёмат раҳм бар ин аҳли урён кун.

Ҳаросон дидаҳо аз интизори номабахшиҳо,
Зи фазли худ саъодатномаро бар дасти аймон кун.

Надорам аз амал ҷуз маъсият ҳангоми санҷидан,
Тарозуро гарон аз фазли худ дар вазни мизон кун.

Хурӯши дӯзахи сӯзанда гар "ҳал мин мазийд" гӯяд,
Халос ин осиёни хастаро з-он нори сузон кун...

©️Мавлавӣ Ҷунунӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Дил ниҳодани араб бар илтимоси дилбари хеш ва савганд хӯрдан, ки дар ин таслим маро ҳилате ва имтиҳоне нест


Мард гуфт: «Акнун гузаштам аз хилоф,
Ҳукм дорӣ, теғ баркаш аз ғилоф.
Ҳар чӣ гӯйӣ, ман туро фармон барам,
Дар баду некомади он нангарам.
Дар вуҷуди ту шавам ман мунъадим,
Чун муҳиббам, ҳуббу юъмӣ ва юсим».
Гуфт зан: «Оҳанги биррам мекунӣ,
Ё ба ҳилат кашфи сиррам мекунӣ?»
Гуфт: «Валлаҳ олими-с-сирри-л-хафӣ,
К-офарид аз хок Одамро сафӣ.
Дар се газ қолаб, ки додаш вонамуд
Ҳар чӣ дар алвоҳу дар арвоҳ буд.
То абад ҳар чӣ бувад ӯ пеш-пеш
Дарс кард аз аллама-л-асмои хеш.
То малак бехуд шуд аз тадриси ӯ,
Қудси дигар ёфт аз тақдиси ӯ.
Он гушодишон, к-аз Одам рӯ намуд,
Дар гушоди осмонҳошон набуд.
Дар фарохӣ арсаи он покҷон
Танг омад арсаи ҳафт осмон».
Гуфт пайғамбар, ки Ҳақ фармудааст:
Ман нагунҷам ҳеч дар болову паст.
Дар замину осмону арш низ,
Ман нагунҷам, ин яқин дор, эй азиз!
Дар дили мӯъмин бигунҷам, эй аҷаб!
Гар маро ҷӯйӣ, дар он дилҳо талаб.
Гуфт: «Удхул фӣ ибоди, талтақӣ,
Ҷаннатан мин руъяти ё муттақӣ».
Арш бо он нури бопаҳнои хеш
Чун бидид онро, бирафт аз ҷойи хеш.
Худ бузургий арш бошад бас мадид,
Лек сурат кист, чун маънӣ расид?
Ҳар малак мегуфт моро пеш аз ин,
Улфате мебуд бар рӯйи замин.
Тухми хидмат бар замин мекоштем,
З-он тааллуқ мо аҷаб медоштем.
К-ин тааллуқ чист бо ин хокамон?
Чун сиришти мо будаст аз осмон.
Улфи мо анвор бо зулмот чист?
Чун тавонад нур бо зулмот зист?
Одамо! Он улф аз бӯйи ту буд,
З-он ки ҷисматро замин буд тору пуд.
Ҷисми хокатро аз ин ҷо бофтанд,
Нури покатро дар ин ҷо ёфтанд.
Ин ки ҷони мо зи рӯҳат ёфтаст,
Пеш-пеш аз хок он метофтаст.
Дар замин будему ғофил аз замин,
Ғофил аз ганҷе, ки дар вай буд дафин,
Чун сафар фармуд моро з-он мақом,
Талх шуд моро аз он таҳвил ком.
То ки ҳуҷҷатҳо ҳамегуфтем мо,
Ки ба ҷойи мо кӣ ояд, эй Худо?
Нури ин тасбеҳ в-ин таҳлилро
Мефурӯшӣ баҳри қолу қилро?
Ҳукми Ҳақ густард баҳри мо бисот,
Ки бигӯед аз тариқи инбисот.
Ҳар чӣ ояд бар забонтон беҳазар
Ҳамчу тифлони ягона бо падар.
З-он ки ин дамҳо чӣ гар нолоиқ аст,
Раҳмати ман бар ғазаб ҳам соиқ аст.
Аз пайи изҳори ин сабқ, эй малак,
Дар ту бинҳам доъийай ишколу шак.
То бигӯйиву нагирам бар ту ман,
Мункири ҳилмам наёрад дам задан.
Сад падар, сад модар андар ҳилми мо
Ҳар нафас зояд, дарафтад дар фано.
Ҳилми эшон каффи баҳри ҳилми мост,
Каф равад, ояд, вале дарё баҷост.
Худ чӣ гӯям? Пеши он дурр ин садаф
Нест илло каффи каффи каффи каф.
Ҳаққи он каф, ҳаққи он дарёи соф,
К-имтиҳоне нест ин гуфту на лоф.
Аз сари меҳру сафо асту хузӯъ,
Ҳаққи он кас, ки бад-ӯ дорам руҷӯъ.
Гар ба пешат имтиҳон аст ин ҳавас,
Имтиҳонро имтиҳон кун як нафас.
Сир мапӯшон, то падид ояд сирам,
Амр кун ту, ҳар чӣ бар вай қодирам.
Дил мапӯшон, то падид ояд дилам,
То қабул орам ҳар он чӣ қобилам.
Чун кунам? Дар дасти ман чӣ чора аст?
Дарнигар, то ҷони ман чикора аст?

Ҷалоиддини Румӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Маханд ин ҷо ки мижгони ту гирён аст фардо ,
Агар резӣ дар ин ҷо ашк хандон аст дар фардо.

Ба андӯҳи Қиёмат зард зард кун рухсори гулгун,
Ба сони шамси анвар, моҳи тобон аст дар фардо.

Макун ҷавру ситам бар ҷони худ аз тарки фармонаш,
Ба ғайри ақбаҳо ҳафт дарки сӯзон аст дар фардо.

Касе гар андар ин ҷо хирмани тоат набардорад ,
Ба сад афсӯсу ҳасратҳо пушаймон аст дар фардо.

Чаро эй калҳамаҷ бо ҷилваи ин зол менозӣ,
Валекин айшгоҳи хоксорон аст дар фардо.

Ба маҳшагор гар ҳар касс ба ҳар сӯс равон гардад,
Ки майлони Ҷунунӣ сӯи ҷонон аст дар фардо.

©️Мавлавӣ Ҷунунӣ
 
Т

Тоҷику - فارسی

Эй, ки дар масҷид рави баҳри суҷуд,
Сар биҷунбад, дил наҷунбад ин чи суд.
Мавлоно Балхӣ.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Куҷо шуд дину дилу дину иймон,
На иймон аст морову на виждон.
Кужо шуд одамону одамият,
На дӯсти аст зи мову на зи ёрон.

Ба масҷид бингари пур аз риё аст,
Ба сӯфиён на нуру на зиё аст.
На мардонро бимонда зеби марди,
Занону духтарон ҳам беҳаё аст.

Намонда фарқи исонҳову ҳайвон,
Зи кори мову ту шайтон парешон.
Нахоҳи кард фикри рузи Маҳшар,
Миёни ниммароҳ мемони ҳайрон.

Эй ки хоҳад омад он рузи қазо.
Мегири бар ҷурму ҷабрҳоят жазо.
Худ ки хок астиву боз ойи ба хок,
Зери хок он нолаҳоят бесазост.

Биё Аъзам на худ дону на кас гӯ,
Нахушкад, гар нахушкад оби ин ҷӯ.
Ҳамедони ки дар дунёи гардун,
Нахушкад ҳеж гоҳ гулҳои бе бӯ .

Азамат Раҷабзод.
 
Т

Тоҷику - فارسی

БеНаМоЗ
Бенамозе гар бимирад қабр нафрат мекунад,
Одаму олам, Малоик ҷумла лаънат мекунад.
Бенамозе гар бимирад, вақти "ғусл"-у шустанаш,
Ҳайфгуён оби ҷори аз ту ғайбат мекунад.
Бенамозе гар бимирад ҷисми беҷон дар кафан,
Он кафан аз ларза гирён бо ту сӯҳбат мекунад.
Бенамозе гар бисозад тӯъмаи ҷон пора нон,
Нон ба ӯ аз ҷон гаштан сахт ҳайбат мекунад.
Гар бенамозе хайр созад бар ману ту хуб бидон,
Баъди хайраш сад ҳазорон куфру бидъат мекунад.
Гар бубини бенамозе шоҳ бошад тавба гӯ,
К-он ба қавмаш ҳар замон низ зулму зиллат мекунад.
Азамат Раҷабзод...
 
Т

Тоҷику - فارسی

Хушии ин зиндагиро зарпараст гуфто зар аст,
Пулу мол, ёр дар бару ҳам қалъае аз мармар аст.
Аз ятим пурсидаанд кист он,ки баҳрат беҳтар аст?
Гуфт: Модар, оҳ Модар,
Модари ҷон,Модар аст!
 
Т

Тоҷику - فارسی

Моҳи Рамазон омад, аз сӯйи биҳишт,
Омад ба машоми муъминон бӯйи биҳишт.
Ҳар кас, ки дар ин моҳ дилозорӣ кунад,
Не рӯйи биҳишт бинаду не бӯйи биҳишт.
 
Т

Тоҷику - فارسی

Зи аҳди падар ёд дорам
ҳаме
Ки борони раҳмат бар ӯ
ҳар даме.
Ки дар тифлиям лавҳу
дафтар харид
Зи баҳрам яке хотами зар
харид.
Саъдӣ Шеърозӣ
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
😥😥😥😥😥😥😥
 
Т

Тоҷику - فارسی

Чаро?
Ҷони ман, доим ту каҷ рафтор месозӣ, чаро?
Байни мову худ баланд девор месозӣ, чаро?
Рафтӣ мактаб, то ки омӯзӣ саводу илм чанд,
Ҷойи ин дарси ҷаҳолатбор месозӣ, чаро?
Пеши наздикон басе ширину дилчаспе будӣ,
Вақти охир каҷравӣ чун мор месозӣ, чаро?
Омад айёми ҷавонӣ бо хурӯшу ҷилвае,
Худнамоӣ бо фаши дастор месозӣ, чаро?
Гоҳ мағрури ту гӯё байни мо ҳампешагон,
Ростӣ беҳурматӣ бисёр месозӣ, чаро?
То ба имрӯз ту каме илму савод омӯхтӣ,
Ҷоҳилӣ дар ҷодаи Қаҳҳор месозӣ, чаро?
Як ҷаҳони дигаре аст фасли мағрурӣ, шунав,
Дар ҷавонӣ ту хато такрор месозӣ, чаро?
Пеши пирон умр бо худ ранги дигар мегирад,
Ҳар хатое ту дар ин гуфтор месозӣ, чаро?
Кӯчаи умрат басе пурпечутоб буду баланд,
Дар каҷиҳояш дилат хуншор месозӣ, чаро?
 
Т

Тоҷику - فارسی

Гар зулфи парешонат дар дасти
сабо уфтад,
Харчо, ки диле бошад, дар доми
бало уфтад.
Мо киштии сабри худ дар бахри
гам афкандем,
То охир аз ин туфон, хар тахта
кучо уфтад?
Охир чи зиён уфтад, султони
мамоликро,
К-уро назаре рузе бар холи гадо
уфтад?
(Хоча Хофиз. )
 
Т

Тоҷику - فارسی

Расад одамӣ ба ҷое, ки ба ҷуз Худо набинад,
Бинигар, ки то чӣ ҳад аст макони одамият.
 
Т

Тоҷику - فارسی

АМИРИ ТИРМИЗ ВА ДАЛҚАКИ НОДОН
Солҳо пеш дар Тирмиз подшоҳе сайид мезист, ки
далқаки латифапардозе дошт. Сайидро дар Самарқанд
кори муҳи ме пеш омад ва дар пайи пайке мегашт, ки
битавонад панҷрӯза аз он ҷо барояш хабаре биёварад,
подшоҳ ҳам дар баробар подоши хубе ба у бидиҳад.
Дар ин ҳангом далқак дар деҳ буд. Хабарро шунид,
савор шуд ва то Тирмиз тохт. Чунон бо шитоб назди шоҳ
омад, ки ду асп дар миёни роҳ талаф шуданд. Саранҷом
ба шаҳр расид. Бевақт буд. Бо ин ҳама бидуни он, ки гарди
сафар бияфшонад, назди шоҳ омад. Ҳама харосон
шуданд, ки далқак бо ин шитоб чй чизе барои шоҳ
овардааст; накунад душман дар фикри ҳамла бошад. Ё
сипоҳй ба наздики шаҳр расида бошад?
Ҷамъ гашта бар сарои шоҳ халқ,
То чаро омад чунин иштоб далқ.
Роҳ нусту роҳ додаш шоҳ зуд,
Чун замин бусид, гуфташ: -Хай, чй буд?
Ҳар кй мепурсид ҳоле з-он туруш,
Даст бар лаб менҳод ӯ, ки хамӯш!
Кард ишорат далқ, ки -Эй шоҳи карам,
Як даме бигзор, то ман дам занам.
Далқак баски бо шитоб ба даргохи шоҳ омада буд,
чунон нафас-нафас мезад, ки наметавонист сухан бигуяд.
Бо ишора аз шоҳ хост лаҳте диранг кунад, то ҳолаш ҷо ба
чо биёяд ва битавонад ҳарф бизанад. Ҳама нигарону
музтариб буданд. Саранҷом далқак ба сухан омад. Гуфт:
-Эй шоҳи азиз,дар деҳ будам. Шунидам, ки шумо пайке
мехоҳед серуза (дар ҳоле ки шох гуфта буд панҷрӯза) ба
Самарқанд биравад ва хабаре аз он ҷо биёварад.
Ман шитобидам бари ту, баҳри он,
То бигуям, ки надорам. он тавон.
Инчунин чусти наёяд аз чу ман,
Боре ин уммедро бар ман мотан.
Далқаки нодон хамаи хамму талоши худро масруфи
он дошт, ки аҷзу нотавонии худро ба иттилои шоҳ бирасонад. Шоҳ барошуфт ва ӯро дар зиндон махбус кард.
Эй бародар, чохилони мункир, ки аз расидан ба хақиқат
очизу нотавонанд, низ бо хаяҷону талош умре мекушанд,
ки нотавонии хешро ба исбот расонанд.
🌿🌿МАСНАВӢ МАЪНАВӢ🌿🌿
 
Т

Тоҷику - فارسی

Ҳеҷ сайқал наку натонад кард,
Оханеро бадгуҳар бошад.
Чун бувад асл ҷавҳари қобил,
Тарбиятро дар ӯ асар бошад.
Саг ба дарёи ҳафтгона бишӯ,
Чунки тар шуд палидтар бошад.
Хари Исо гар бараш ба Макка,
Гарчи ояд ҳанӯз хар бошад.
Оқилон ин сухан наку донанд,
Зодаи хар ҳамеша хар бошад.
(Саъдӣ)
 
Верх Низ