Ширин
Хор ману ту гул барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин,
Дилбари шӯху нозанин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Чашми сиёҳи сурмагин, қоши камони усмагин,
Лаъли лабат асал барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Оғӯши дилбар ними шаб, бӯса ба бӯса лаб ба лаб,
Бӯсаи гарму оташин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Дилбари дилбари Чин, моҳу парию ангубин,
Аз ҳама ин ту беҳтарин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Бурда қарори ман зи даст, раҳравиҳои кабки маст,
Нозу адоҳоша бубин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Орифии хаста кунун, ба зулфи ту баста кунун,
Ғазалсаро гаштам чунин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
Ошиқам, дар ҷигарам Тур нигаҳ доштаанд,
Чун туро дар нигаҳам нур нигаҳ доштаанд.
Ман агар бонги Аналҳақ назадам, айб магир,
Ошиқон ҳурмати Мансур нигаҳ доштаанд!
Ҷом пайваста ба каф дораму мастӣ наравад,
Чун ду чашми ту, ки махмур нигаҳ доштаанд.
Чашм – ин беадаб аз рони сапед ор накард,
Подшаҳро ба дари мӯр нигаҳ доштаанд.
***
Кас ба иҷбор дили кас натавонад, ки барад,
Давлат он нест, ки маҷбур нигаҳ доштаанд.
Дур аз музди Худо бод гуруҳе, ки ба нон,
Халқро бардаву муздур нигаҳ доштаанд!
***
Исми аъзам, ки ҳама дар пайи он гум шудаанд,
Рамзи ишқ аст, ки мастур нигаҳ доштаанд.
Аз Худо то ба худам роҳи дароз омадаам,
Аз худам то ба Худо дур нигаҳ дошаанд.
***
Турбатамро ҳама соҳибназарон бӯса зананд,
Маҳшари ишқаму дар гур нигаҳ доштаанд.
Исфандиёри Назар