Дар ситоиши Пешвои миллат
Парешон халқи тоҷик буд зи дасти аҷнаби аммо,
Раҳо кардӣ Ватанро аз парешонӣ ту меарзӣ.
Чи дар дохил чи дар хориҷ сиёсатмарди доноӣ,
Кунӣ ҳар мушкилеро ҳал ба осонӣ ту меарзӣ.
Туро бо меҳр истиқбол гирад садри ҳар кишвар,
Яке покизатиннат байни ёронӣ, ту меарзӣ,
Барои тоҷикони рӯи олам такягаҳ гаштӣ,
Аз ин гӯем шоҳаншоҳи шоҳонӣ ту меарзӣ.
Ба вақти мушкилӣ кардӣ ту ташкил Артиши миллӣ,
Ба кишвар худ кафили сулҳхоҳонӣ, ту меарзӣ.
Ба ҷон ҳастӣ ба ҳифзи марзу буми хоки аҷдодӣ
Расидан пойи бадхоҳе намемонӣ, ту меарзӣ
Низомӣ медиҳад ҷонаш барои сулҳу осоиш,
Ба худ инро шуморад қарзи виҷдонӣ, ту меарзӣ
Қасам хӯрдӣ ба шири модарат: «Ман сулҳ меорам!»,
Харидӣ ҷони ҳар як тоҷикистонӣ, ту меарзӣ.
Гурусна мондани халқат ҳама буда зи наҳси ҷанг,
Кунун шуд сер мардум, ғалла арзонӣ, ту меарзӣ.
Сипосу арзу дарди дил бигӯяд халқ пеши ту,
Бар ҳар дарде, ки дорад халқ, дармонӣ, ту меарзӣ.
Ба ҳар ҷое сафар кардӣ, фазои тира шуд равшан,
Худододӣ, чу хуршеди дурахшонӣ, ту меарзӣ.
Асоси Сулҳу Истиқлолу Ваҳдатро ту бинҳодӣ,
Зиҳӣ, эй Пешво, бар ҷони мо ҷонӣ, ту меарзӣ.
Зи ҷаҳдат ҷашни Наврӯзӣ Аҷам рӯи ҷаҳон бигрифт,
Русуми рафтаро эҳё бигардонӣ, ту меарзӣ.
Баробар рӯзу шаб гардад зи пайки нусрати Наврӯз,
Шурӯи кишт созӣ, дона афшонӣ, ту меарзӣ.
Бишуд осори некат аз ниёгон шоҳиди зинда,
Кафили ҳастии ояндадавронӣ, ту меарзӣ.
Шуҷоатманд фарзандони миллатро набуд шуҳрат,
Зи сидқ эҳёгари ин қаҳрамононӣ, ту меарзӣ…
Дубора ошно карда ба мардум шеъри Мавлоно,
Чу Мавлоно сухансанҷу сухандонӣ, ту меарзӣ.
Дар ин хоке, ки сармову зимистон ҳокимият дошт,
Баҳори гулфишон овардаӣ моро ту меарзӣ.