Шеър дар бораи МУАЛЛИМ

  • Автор темы Таманно
  • Дата начала
Т

Таманно

Шеърхо дар васфи Муаллим, муаллим шеър бо забони точики / тоҷикӣ

Метавон дар соя омӯхтан,
Ганҷи ишқи ҷовидон андӯхтан.

Аввал аз устод, ёд омӯхтем,
Пас, сувайдои савод омӯхтем!

Аз падар гар қолиби тан ёфтем,
Аз муаллим ҷони равшан ёфтем!

Эй муаллим, чун кунам тавсифи ту,
Чун Худо мушкил тавон таърифи ту!

Эй, ту киштии наҷоти рӯҳи мо,
Эй, ба тӯфони ҷаҳолат Нӯҳи мо!

Як падар бахшандаи обу гил аст,
Як падар равшангари ҷону дил аст!

Лек агар пурсӣ кадомин бартарин,
Он, ки дин омӯзаду илму яқин!!!
 
С

Ситора

ВАСФИ МУАЛЛИМ (Дубайтиҳо)​

Алифборо ба дасти ман ниҳодӣ,
Ба рӯям сад дари маънӣ кушодӣ.
Нахустустоди ман, дар ҳар ду олам
Бароят сабз гардад барги шодӣ!

Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,
Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.
Чу роҳи растагорӣ менамояд,
Сазовори ҳазорон офарин шуд.

Муаллим ҷом бошад, бода – дониш,
Муаллим шоиру сарвода – дониш.
Барои ташнагони Замзами дил
Муаллим бо садоқат дода дониш.

Китоби ҳикмату маъно муаллим,
Чароғе дар раҳи фардо муаллим.
Ба нерӯе, ки дорад дар бисоташ
Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим
 
Н

Нуринисо

Муаллим шеър​

Дигарҳо хобу ту бедор ҳар шаб
Бихонӣ дарси нав такрор-такрор,
Ки то фардо қадам монӣ ба мактаб,
Ба ҳарфи тозаю бо меҳри саршор.

Тамаъ ҳаргиз зи шогирдон надорӣ,
Ба ҷуз одобу дониш сарвату мол,
Ҳалолат бод ҳар як пораи нон,
Ки бо ин поранон ҳастӣ ту хушҳол.

Надорӣ сарвату моли зиёде,
Ба нони ҷав ҳамесозӣ қаноат.
Наӣ олуда бар фисқу фасоде,
Ба мактаб оӣ пои ботаҳорат.

Надорӣ бар касе ҳаргиз ҳасодат,
Бувад қалби ту ҳамчун мӯят испед.
Агар шогирди ту хушҳол бошад,
Ба дил афрӯзӣ ту сад шамъи уммед.

Ба шогирдони худ, эй хуштакаллум,
Биомӯзонӣ илму дарси одоб.
Тариқи зиндагӣ осон набошад,
Бигардад андар ин ҷода шарафёб.

Нахобӣ ҳар шабе бедор бошӣ,
Агарчи хастаӣ, бошӣ тавоно.
Фидоии ҳама давру замонӣ,
Ту ҳастӣ офтоби оламоро.
 
Б

Боқӣ Раҳимзода

Омузгор шеър​

Шеъре ба номи некат, омӯзгор дорам,
Дар анҷуман ба дастат чун тӯҳфае супорам,

Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам,
Миннатпазир аз ту доим ба рӯзгорам.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.

Ҳарфе дуруст хондам, аз шавқ медамидӣ,
Ноқис, ки менавиштам, бар хеш метапидӣ.

То сарбаланд бошам, бисёр сар хамидӣ,
Бори гарони меҳнат бар дӯши худ кашидӣ.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.

Омӯхта бароям одоби гуфтугӯро,
Во карда пеши чашмам дунёи орзуро.

Суде барои мардум бахшанда бин Амуро,
Дар роҳи бахтёбӣ маънои ҷустуҷӯро.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.

Дар гирудори ҳастӣ, гуфтӣ, ки боҳунар шав,
Бар авҷ сар кашидӣ, аз қаър бохабар шав.

Аз дониши замонат пайваста баҳравар шав,
Дар ҳифзи халқу кишвар фарзанди номвар шав.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.

Тақдири насли миллат бар зиммаи ту бор аст,
З-ин бештар ба дунё дигар чӣ эътибор аст?

Омӯзгор он гаҳ мамнуну бахтёр аст,
Шогирди бовафояш бар халқ ифтихор аст.

З-ин рӯ бузург ҳастӣ мисли падар муаллим,
Дар олами маонӣ ҳам роҳбар муаллим.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Муаллим, чашмасори илму ирфон аст,
Муаллим, Офтоби ақли инсон аст.
Муаллим гоҳ месозад, муаллим гоҳ месӯзад,
Муаллим, чилчароғи равшани базми адибон аст.
 
Верх Низ