Дар ин саҳифа мақола, рисола, очерк, сафарномаҳои кӯтоҳ, ҳисоботи оморию маълумотномаҳои гуногунро гирд овардаем, ки дар матбуоти даврӣ (рӯзнома, ҳафтанома, моҳнома, солнома, паёмнома, алманах) ва маҷмуаҳои мухталиф нашр шудаанд ва муаллифонашон олимон, нависандагон, рӯзноманигорон, рассомон, пизишкон, коршиносон, сайёҳон, хулоса мардумони гуногунпешаанд.
Ҳангоми интихоби мақолаҳо аҳамияти таърихии мундариҷа, мавҷудияти баҳси донишмандонаву созанда, ҷолибияти мавод ва хусусияти кашфиётӣ доштани онҳо ба назар гирифта шудааст.
Ин асарҳо асосан ба мардуми тоҷики маҳалҳои гуногун, инчунин қисман ба дигар мардуми эронизабони Осиёи Марказӣ ‒ балуҷҳо, яҳудиён, лӯлиён, арабҳо ва монанди онҳо бахшида шуда, забон ва гӯйишҳо, ҷуғрофиё ва сарнавишти шаҳру деҳот ва вилоятҳои таърихӣ, фарҳанг, рӯзгордорӣ, тарзи рӯзгузаронӣ, беморию пизишкӣ, хӯроку пӯшок, фолклор, маросиму оину кешҳо, санъати варзиш ва ҳарб, бозӣ ва дилхушӣ, асорат ва мубориза барои озодӣ, муборизону қаҳрамонон, душманон ва хоинон, ҳунармандӣ, кишоварзӣ, хироҷу андоз, хостгорӣ, сур ва сӯг, табиат ва сарватҳои маҳалли зисти ононро тасвир мекунанд, ки барои хонандаи ҷӯянда басо муҳим аст.
Бавижа аз он ваҷҳ, ки ин асарҳо ҳеҷ гоҳ ба тарзи ҷудогона нашр нашудаанд ва муҳим он ки бештари онҳо дар садаҳои гузашта навишта шудаанд. Бахше аз маводро аз ҳанбори (коллектсияи) муаррихон С. Абашин ва Л. Бойматов (academia.edu) баргузидаем, ки аз онон беҳад сипосгузорем. Ва бахшеро худ гирд овардаем. Мо ин асарҳоро шартан «мақолаҳо» номгузорӣ кардаем ва ончи ки дастрас буд, ин ҷо гузоштем. Ва ончи ки боз дастрас мекунем, мегузорем.