Бухоро дар ҷаҳони исломӣ пас аз Маккаву Мадина сеюмин маркази динӣ буд, унвони қуббатулислом дошт, онро Бухорои Шариф ва дорулфохира хондаанд, маҷмаи илм гуфтаанд ва ҳазрати Мавлавӣ «манбаи дониш» номидааст: «Ин Бухоро манбаи дониш бувад». Ақлу заковати тоҷикон дар Бухоро бештар аз дигар марказҳои фарҳанг марказият ёфта буд. Бухоро забону адабиёти форсӣ-тоҷикии ҷаҳоншумул, фарҳанги бузурги эронӣ-тоҷикиро дар домани худ парвардааст. Шуравиён шуури халқҳои Осиёи Миёнаро аз ҳамин фарҳанги воло тоза кардан хостанд, маънавияти исломии эрониву тоҷикиро аз дили мардум берун афканданӣ буданд. Болшавикон хостанд Бухороро нест бикунанд, то ки мардуми тоҷик аз шарофати Бухорои бузург, аз файзу баракати маънавии он, аз он бахши калони ёди таърихӣ маҳрум шавад, раҳнамои маънавӣ камтар дошта бошад. Саркӯб доштани тоҷикон ва нест кардани Бухоро бахше аз сиёсати маънавиятзидоӣ ва исломситезии шӯравиён буд.
Оре, аз исломҳаросӣ ва хоҳиши пурзӯри исломзидоӣ буд, ки шуравиён қарор доданд Бухороро хароб бикунанд ва аз мардуми тоҷик барҳазар бошанд, тоҷиконро нотавон нигоҳ бидоранд. Маълум буд, ки чунин вазифаеро панӯзбекистҳо метавонанд ба хубӣ иҷро намоянд. Аз ин рӯ, Сталин агарчи ба муқобили пантуркизм мубориза мекард, белаҷом шудани панӯзбекизмро нодида мегирифт. Дастгирии панӯзбекизм, чашм пӯшидан аз ҷиноятҳои гӯшношуниди панӯзбекистҳо аз ҳамин ҷост.
Натиҷаи инқилоб ҳамин шуд, ки Бухоро аз истиқлол, ҳатто аз он истиқлоли нисбӣ, ба ном истиқлол, ки дошт, ба куллӣ маҳрум шуд, пас аз соли 1924 умри таърихии Бухоро ба поён расид. Бухоро пас аз соли 1924 ба сифати як маркази фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ аз саҳнаи таърих берун ронда шуд ва дар андак муддат ба як шаҳри музофотии беаҳаммият, ба як харобаи ҳузнангез табдил ёфт, онро тамом хароб карданд. Банда дар ёд дорам, ки дар солҳои кӯдакиву наврасии ман, яъне дар даҳаи сиюми қарни бистум Бухоро валангор буд. Бисёр ҳавлиҳо бесоҳиб монда вайрон шуда, ҳатто баъзе гузарҳо ба куллӣ ба харобазор табдил ёфта буданд. Мардум дар зиндонҳои сершумор ва яхзорҳои Сибир ҳалок гардида, бисёре ба чаҳор тараф муҳоҷират карда, бозмондагон ба сахтӣ ба сар мебурданд. Ин ҳолат чандин сол давом кард. Фақат дар ҳудуди садаи 20 ва 21 Бухоро андак обод шуд. Вале ин ҳам ободии зоҳирист. Бухоро дигар маркази фарҳанг, «маҷмаъи илм» ва «манбаъи дониш» нест.
Аз ин рӯ боз мегӯем, ки азбаски дар Бухоро ҳастии маънавии мардуми тоҷик ба тарзи беназир таҷассум шуда, илму фарҳанг, аз ҷумла илми мазҳабӣ хеле бештар аз дигар марказҳои фарҳангӣ посира шуда буд, болшавикон хостанд тоҷикро аз чунин сарчашмаи пурҷӯши маърифат маҳрум бисозанд, истиқлоли фарҳангии ӯро суст бикунанд, ӯро аз фарҳанги бостонӣ камнасиб бидоранд.
Он чӣ Инқилоби Бухоро номида шуд, амали қатъии Русияи шуравӣ барои решакани исломияту эроният, аз ҷумла маҳви маънавии тоҷикон дар Осиёи Миёна буд. Маънои аслии инқилоби Бухороро аз ҳамин ҷо фаҳмидан мумкин аст.
Моро бовар ин аст, ки агар Файзуллоҳ Хоҷа, ки худ тоҷик буд, ба унвони як намояндаи миллати тоҷик ба майдони муборизаи инқилобӣ қадам мегузошт, ҳаргиз болшавик пуштбони ӯ намешуд. Аз ин рӯ, ба Файзуллоҳ лозим омад, ки худ ва халқи худро ӯзбек эълон бикунад, бо миллатфурӯшӣ ба мартаба бирасад. Файзуллоҳро панӯзбекизм ба мартабаҳо расонид.
Ин масъала дар миён буд, ки агар Сталин тоҷиконро дастгирӣ мекард ва ба онҳо ҷумҳурии «мустақили» бузурге медод, албатта, эҳтимоле буд, ки тоҷикон қувват бигиранд ва сар бардоранд ва рӯзе ба сӯйи ҳамхунони худ, ки дар Афғонистону Эрон ҳастанд, майл пайдо бикунанд. Қувват гирифтани тоҷикон метавонист бештар аз пантуркизм хавфе ба сари импиротурии болшевикӣ биёварад. Аз ин рӯ, тоҷиконро нотавон ва саркӯб доштан лозим буд. Як маънои сиёсати Сталин дар ҳаққи тоҷикон ҳангоми табартақсими соли 1924 ҳамин аст.
Инқилоби Бухоро фарзанди ҳаромии таърих буд, ки дар натиҷаи як силсила хиёнатҳои дохилӣ ва хориҷӣ, хиёнат ба рисолати таърихии маорифпарварӣ ва ормонҳои волои башардӯстӣ, хиёнат ба Миллат ва Модар-Ватан ба ҷаҳон омадааст.
Академик М. Шакурии Бухороӣ. Пантуркизм.... саҳ. 98.