Расули Худо (с) мефармоянд:
“Ҳар касе бо зане, ки маҳрами ӯ нест бо даст салом кунад ғазаби Ҳақ Таолоро барои худ харидааст.”
Ҳазрати Умар(р) мефармоянд:
“Даст додани мард ба зан ҷоиз нест, магар занҳои маҳрам монанди: хоҳар, духтар, амма, хола, бародарзодаву хоҳарзода ва бо зане, ки метавонад бо ӯ издивоҷ кунад даст надиҳад, магар аз пушти либос ва дасти ӯро ламс накунад.”
Ҳамчунин бо даст салом кардани зан бо номаҳрамон ҳаром аст. Маҳрамон киҳо ҳастанд (бо ин нафарон иҷоза аст)?
- Писар ва набера;
- Падар ва бобо;
- Бародар;
- Бародари модар (тағо);
- Бародари падар (амак);
- Писар ва набераи бародар;
- Писар ва набераи хоҳар;
- Домоди худ ва домоди фарзанд;
- Шавҳари модар (падарандар);
- Писари шавҳар (ҳарчанд писари худаш набошад)
- Падари шавҳар (хусур).
Ба ҷуз афроде, ки гуфта шуд дигар мардҳо барои зан номаҳараманд ва салом кардан бо онон барои зан ҳаром аст, ҳатто бародари шавҳар, шавҳари хоҳар (язна), писари тағо, писари амак, писари амма ва писари хола.