Ба шоири халқии Тоҷикистон Давлат Сафар

  • Автор темы Зубайдуллр Хайитов
  • Дата начала
З

Зубайдуллр Хайитов

Бар шоир ар мансаб расад,
Аз шеъри худ дур мешавад,
Порахури зур мешавад,
Илҳоми ӯ пул мешавад,
Наздаш чу булбул мешавад,
Бар шоир ар мансаб расад.

Бар шоир ар мансаб расад,
Кафши Аёз аз ёд барад,
Ҷомаи пори худ дарад,
Симу зару ҳавлӣ харад,
Ҳарҷо чизе ёфт он чарад,
Бар шоир ар мансаб расад.

Бар шоир ар мансаб расад,
Ёдаш равад, ки ӯ кӣ буд,
Ҳеҷе буду имрӯз кӣ шуд,
Боло кӣ бардошташ ба зуд?
Имрӯз киро хонад дуруд?
Бар шоир ар мансаб расад.

Бар шоир ар мансаб расад,
Роҳи ҳаёт гум мекунад,
Шарму ҳаё гум мекунад,
Нафси якумр носерамаш,
Доим талотум мекунад.
Бар шоир ар мансаб расад.

Бар шоир ар мансаб расад,
Ҷуз худ касе натвон дид,
Аз дӯстон осон бурид,
Имону виҷдонаш фурид,
Бар пора гардад ӯ мурид,
Бар шоир ар мансаб расад.

Бар шоир ар мансаб расад,
Нутқи каломаш таъриф аст,
Ҳарфи мудомаш таъриф аст,
Дар мағзу ҷон, андар забон,
Дар устухонаш таъриф аст.
Бар шоир ар мансаб расад.

Амири Сафир
 
Верх Низ