Зулолаи Нур (Мушкинисо Асозода), зодаи деҳаи
Муминободи ноҳияи Файзобод. Фориѓуттаҳсили факултаи рўзноманигори ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (солҳои 2001-2006). Чандин сол дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ҳамин деҳа ҳамчун омўзгор фаъолият кардааст. Ҳамкориро бо ВАО-и кишвар аллакай дар даврони донишљўи оѓоз намудааст. Нахустин навиштаҳояш дар нашрияҳои «Ҳамрози ҷавонон», «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Нерўи сухан» ба табъ расидаанд.
Аз соли 2005 то 2006 дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ба ҳайси хабарнигор фаъолият дошт. Аз соли 2006 ба ҳафтаномаи «Реклама-сервис» ба кор гузашта, баъдан дар нашрияҳои «Нигоҳ», «Мароми пойтахт», «Бонувони Тоҷикистон», ҳафтаномаи «Пайкон», «Омўзгори ҷавон» ва оҷонсии иттилоотии TojNews фаъолият кардааст. Айни замон бо МТЖТ ва рўзномаҳои он ҳамкори дорад.
Китоби нахустинаш бо номи «Марг ва ҳаёт» соли 2011 ва китоби дигараш таҳти унвони «Роҳ ба сўи худ» соли 2015 ба нашр расидааст. Китобхои дигари ў «Наќш дар маҷро» ва «Аз Эрони бузург ба Тоҷикистони азиз» дар дасти чоп аст.
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012). Духтарчаи дустрўяш Шукронаро давлати худ мехонад.