ЗИЁЗОДА Таваралӣ Нозимпур (тав. 20 августи 1942, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор,
муаррих. Доктори илмҳои педагогӣ (2012). Хатмкардаи факултаи таърихи ДДТ (1975). Баъди хатми таҳсил, то соли 1985 дар мактабҳои миёна ва омӯзишгоҳҳои касбомӯзӣ муаллимӣ кардааст.
Солҳои 1985–19993 — муаллими калони кафедраи таърихи Тоҷикистон ва таъриху ҷомеашиносии ДДОД,
1994–2011 — мудири шуъбаи фанҳои ҷомеашиносӣ ва муовини директори Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон оид ба илм.
Муаллифи 11 китоб (аз ҷумла “Асосҳои илмии тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар таълими таърихи кишвар”, 2004; “Рушди маърифати шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон”, 2007, (бо шариктаълиф); “Методология: гуманизм ба ҷои марксизм-ленинизм”, 2008; “Масъалаҳои илмию методологии мазмуни таҳсилоти фанҳои ҷамъиятшиносӣ”, 2009 ва дигарҳо), барномаҳои таълимии таърих, китобҳои дарсӣ, 3 стандарти давлатӣ доир ба таърих, инсон ва ҷомиа ва ҳуқуқи инсон, 5 дастури таълимию методӣ ва зиёда аз 200 мақолаи илмию методӣ. Дорандаи нишони сарисинагии АМ (2011).
Бо ордени “Шараф” (дараҷаи 1) (2002) мукофотонида шудааст.
Осор:

- Таърихи дунёи қадим (китоби дарсӣ барои синфи 5, Душанбе, 1998);
- Таърихи асрҳои миёна (китоби дарсӣ барои синфи 6, Душанбе, 2005, бо шариктаълиф);
- Таърихи умумӣ, (китоби дарсӣ барои синфҳои 7, 8, 9, 10, Душанбе, 2005);
- Инсон ва ҷомеа, (китоби дарсӣ барои синфҳои 10–11, Душанбе, 2011, бо шариктаълиф);
- Ҳуқуқи инсон (китобҳои дарсӣ барои синфҳои 10-11, бо шариктаълиф);
- Маърифати шаҳрвандӣ, Душанбе, 2008,
- Шаҳрвандшиносӣ, Душанбе, 2010: