ЗИЁЕВ Қурбоналӣ

КУрбонали Зиёев.jpg
ЗИЁЕВ Қурбоналӣ
(тав. 12 майи 1960, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор. Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси УДТ (1984).

Солҳои 1984–1990 — муаллими забон ва адабиёти руси мактаби миёна,

1991–2005 — мушовири шӯъбаи маорифи ноҳ. Файзобод.

2006–2012 — Мудири шуъбаи технологияи меҳнат, санъат, варзиш ва асосҳои амнияти хонандагони ПРМ.

2012–2012 — ходими пешбари илмии Шуъбаи таҳсилоти миёнаи умумии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Аз соли 2015 мудири Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Муаллифи 4 дастури методӣ ва зиёда аз 40 мақолаи илмию методӣ доир ба масъалаҳои гуногуни таълим, соҳаи маориф, тадриси фанни тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ дар синфҳои болоӣ ва ғайра.

Бо Ифтихорномаи ВМ ҶТ мукофотонида шудааст (2007).

Осор:

  1. Дастури методӣ (ба ёрии роҳбарони ҳарбии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон). — Душанбе, 2007. 34с.
  2. Ҳуқуқ дар низоъҳои мусаллаҳона. — Душанбе, 2010. 38с.
  3. Методикаи таълими омодагии дифои ҳарбӣ. — Душанбе, 2014. 138 с.
  4. Формы и методы физического воспитания учащихся начальных классов на основе комплексной программы и учебников — Душанбе, 2012
  5. Анализ постановки физического воспитания и военной подготовки в школах Республики Таджикистан — Маҷмӯи мақолаҳо, Душанбе, 2012
============================================================
 
Верх Низ