ХУДОЁРОВ Тавар, таваллудаш 1. 07. 1927, зодгоҳаш деҳаи Биникулӯтаи ноҳияи Файзобод, ҳуқуқшинос. Солҳои 1942 – 44 оҳангари стансияи Казалински РСС Қазоқистон, 1944 – 47 ва 1951 – 52 иҷрочии Суди халқии ноҳияи Файзобод, 1952 – 68 тарҷумон, мушовири калон, сардори шӯъбаи коргузории Суди Олии РСС Тоҷикистон, 1968 – 69 судяи Суди халқии ноҳияи Регар (ҳозира Турсунзода), 1969 – 72 судяи Суди халқии ноҳияи Файзобод, 1972 – 89 узви Суди Олии РСС Тоҷикистон буд. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Ветерани мехнат» ва 2 Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. 8-уми июли соли 1989 дар ш. Душанбе вафот кардааст.