Хоҷаев Д. солҳои зиёд ба афкори забоншиносии классикии тоҷик тадқиқот бурда, дар ин замина якчанд мақолаю рисолаҳои судманде ба табъ расондааст, ки аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиши ӯ дар рисолаи докториаш – «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X – XVI» (2004) инъикос ёфтаанд. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи IX мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 дастуру рисола ва зиёда аз 100 мақола аст. Ҳоло ба 6 нафар аспирантон роҳбарӣ менамояд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.
Осор: Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик, Душанбе, 1984; Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Калиди дари ганҷ, Душанбе, 1990; Синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфи IX, Душанбе, 1992; Ташаккул ва таҳаввули забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна, Душанбе, 1998; Афкори забоншиносии Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Душанбе, 2004; Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик (ҳаммуаллиф), Душанбе, 2007.