Восеев Абдулазиз Ганҷович

Восеев Абдулазиз Ганҷович — зодаи деҳаи Қанғели (дар тарҷумаи тоҷикӣ ноҳамвор мешудааст, аммо рустои ҳамвору обод, вале сершамоли ноҳияи Файзобод ба шумор меравад). Санаи таваллудро бо иштибоҳи як корманди ҷамоати Вашгирд дар шаҳодатнома 6-уми августи соли 1983 навиштаанд (волидонаш рӯзи дақиқи ба дунё омаданашро 24-уми январ мегўянд, ба ҳар сурат шукрона мекунад, ки соли таваллудашро иштибоҳан 1324 нанавиштаанд. Аммо ахиран дар шиносномааш ҳарфи «л»-ро аз номаш фаромӯш карданд, ҳоло расман Абдуазиз мебошад).

1-уми сентябри соли 1990 хонандаи синфи якуми мактаби таҳсилоти умумии ҳамагонии №21 буд. Соли 2001 номаи камол гирифта, ҳамон сол ба ДДМТ, факултаи журналистика ва тарҷумонӣ дохил шуд. Соли 2006 донишгоҳро хатм намуд. Ҳамкориро бо ВАО аз рӯзномаҳои «Оила», «Қалам» (нашрияи факултаи журналистика) ва «Студент» шурӯъ кардааст (солҳои 2001-2003). Муҳаррири бахши фароғатии нашрияи «Сабз дар сабз» (2003), муҳррири бахши хабарии радиои «Ватан» (августи 2004-декабри 2005), муҳаррири идораи фароғатӣ ва мусиқии радиои «Ватан» (январи 2006 то августи 2006), муҳаррири бахши хабарии «Русское радио-Ориёно» (сентябри соли 2006 то августи 2007), журналист-продюсери радиои иттилоотии «Имрӯз» (августи 2007 то феврали 2010), хабарнигори ҳафтаномаи «Озодагон» (марти 2010 то ҳоло).
 
Верх Низ