ТАВАКАЛОВ Умар Баҳромович

ТАВАКАЛОВ Умар Баҳромович, таваллудаш 28. 06. 1972, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, судяи
Умари Таваккал

тахассуси дараҷаи панҷум. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (1995) ва факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Соли 1989 – 90 котиби маҷлиси судии Суди ноҳия Файзобод, 1990 – 92 дар хизмати ҳарбӣ, 1992 – 98 иҷрочӣ, сарсудиҷрочӣ (1998 – 2002) ва ёрдамчии раиси Суди ноҳияи Файзобод (2002 – 05) буд. 1-уми октябри соли 2005 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон судяи Суди ноҳияи Файзобод таъйин гардида, то моҳи сентябри соли 2009 дар ин вазифа кор кард. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 сентябри соли 2009 ба вазифаи судияи Суди ноҳияи Синои ш. Душанбе таъйин гардид. Бо чандин ифтихорнома ва раҳматномаҳои Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати ноҳияи Файзобод сарфароз гардидааст. Чандин мақолааш оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон дар рӯзномаҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ ба табъ расидаанд.
 
Верх Низ