Дустони азиз! Ҳаммаи аъзои кормандони корхонаи «Ширин» шуморо бо Наврузи зебои хуҷастапай табрик мегуяд ва дар ин баробарии шабу руз ба ҳар як пиру ҷавон хушбахтӣ ва мушкилкушоӣ орзумандем. Саломатии бардавом ва амалишавии ҳамаи орзуҳову сулҳу суботро ба шумо азизони дил, хоҳонем!
Муҳтарам ҳамватанони ман! Мехоҳам аз таҳти дил ҳамаи шумоёнро бо иди миллӣ ва ҳамзамон байналхалқӣ, яъне иди Навруз табрик гуям!
Бахусус мехостам дар ин иди баҳорон модарону падароне ки дар ободонии ватани азизамон саҳми худро пайваста мегузоранд муборакбодии беандоза намуда ба онҳо умри дароз, саломатии комил, хушҳолии беканор ва баракати зиёдро таманно намоям. Ба ҷавонон бошад рӯҳи болида, диловарӣ, зебоии илоҳӣ, ноилшавӣ дар корҳои пурсамарашон ва хушбахтии хотирмон хоҳонам.
Бигузор Парвардигор ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ имони комил, сулҳу субот ва табиати зеботаринро ато намояд. Ба ватанамон тинҷӣ ва иқтисодиёту дигар ҷабҳаҳои давлатӣ комёбиҳои назарраси мусбиро аз Худованд хоҳонам.
Муборак бод Навруз ба Шумо ҳамватанони ҷони ман!