СОБИРОВ Темур, таваллудаш 3. 04. 1940, зодгоҳаш деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод, математики тоҷик, доктори илмҳои физика ва математика, профессор (1977). Соли 1961 факултети физикаю математикаи Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Муддате дар шӯъбаи физикаю математикаи АИ РСС Тоҷикистон кор карда, баъд ба аспирантураи Университети давлатии Воронеж дохил шуд. Солҳои 1968 – 75 муаллими калон ва солҳои 1975 – 77 мудири кафедраи алгебра ва географияи Институти педагогии Воронеж буд. Корҳои илмиаш асосан ба тадқиқи системаҳои муодилаҳои диффренсиалӣ оиданд. Зиёда аз 60 мақолаи илмӣ чоп намудааст. Дар тарбияи олимони ҷавони Тоҷикистон саҳми калон гузоштааст. 23 июни соли 1977 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод вафот кардааст.Яке аз мактабхои миёнаи шахри Вахдат ба номи Т. Собиров аст