СОБИРОВ Абдуҷалил

СОБИРОВ Абдуҷалил, таваллудаш 15. 05. 1947, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, набототшинос, номзади илмҳои биология (2000), дотсент. Соли 1976 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1970 дар ҳамин донишгоҳ фаъолият дорад. Солҳои 1987 – 88
%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
муҳандиси шӯъбаи таъминоти илмӣ- тадқиқотӣ, 1988 – 92 сарвари матбааи байни донишгоҳҳои олӣ, 1992 – 96 директори боғи ботаникӣ ва мудири Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии ДМТ, 1996 – 97 сарвари нашриёти «Сино», 1998 – 2004 директори Матбааи байнидонишгоҳӣ дар назди ДМТ, 2004 – 10 дотсенти кафедраи Физиологияи одам ва ҳайвоноти факултети биологияи ДМТ буд. Аз соли 2011 ба ҳайси мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика фаъолият дорад. Аз фанҳои физиология, анатомияи одам, курсҳои махсуси “Физиологияи мутобиқшавӣ”, “Физиологияи экологӣ”, “Физиологияи системаи функсионалӣ” ва “Физиологияи системаи сенсорӣ” дарс медиҳад. ходими пешбари илм дар гурӯҳи илмӣ-тадқиқотии «Пептид» низ мебошад. Муаллифи зиёда аз 70 таълифоти илмӣ, монография, дастурҳои таълимӣ доир ба физиологияи одам ва ҳайвонот. Китобҳои «Деморфин ва рафтор» (1997), “Ба таври қиёсӣ омӯзиши фаъолияти олии асаби хазандагон вобаста аз фасли сол» (2000), «Экология ва физиологияи рафтор» (2004), “Маълумотҳо оид ба физиологияи одам ва ҳайвонот” (2004), “Назарияи мутобикшавии рафтор, гипобиоз дар филогенези мӯҳрадорон” (2006), “Машғулиятҳои лабораторӣ аз “Физиологияи одам ва ҳайвонот” (2005, 2011) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон», “Аълочии матбуоти Ҷумурии Тоҷикистон” ва ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.
 
Верх Низ