Шеърхои ошики.

  • Автор темы masterakone
  • Дата начала
О

Ошиқ

Ало, эй беҳтар аз дунё, зи чашмони ту метарсам,
Наметарсам, зи кас, аммо, зи чашмони ту метарсам.

Агар чашми ту фармояд: “ғуломам бош”, хоҳам буд
Ки аз баъди Худо танҳо зи чашмони ту метарсам.

Ду чашмони ту дарёянд, аммо сахт тӯфонӣ,
Наметарсам ман аз дарё, зи чашмони ту метарсам.

Чӣ савдоест дар чашмат, ки бо ин қадр шайдоӣ
Мани пуршӯру пурсавдо зи чашмони ту метарсам.

Зи чашмони ту метарсам, – агар пурсад маро зоҳид,
Ва ё аз маҳшари фардо? Зи чашмони ту метарсам.

Чунин мегӯяму аммо ба ёди чашмҳои ту
Дилам гум мезанад оё, зи чашмони ту метарсам?
 
О

Ошиқ

Абрукамон ту дилбари лабшакарӣ.
Сухтай дили ман кардай хуни ҷигарӣ.
Сад оташи тез агар расад бар ҷонам
Боке набувад агар ту бар ман нигарӣ

Ҷингила мӯи ту,
Бӯсаи абрӯи ту.
Ошиқи рӯят манам
Дилдодаи кӯи ту

Ёр аз дили мо хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад
Ё дил ҳунари дигар надорад.
 
И

Ишк

Бигузор аз дилтангиҳоям ба ту бигӯям

Ва нишонат диҳам ишқат бо ман чи кард

Ҳарчиқадар замон (робитаамон) тӯл кашида аст

Эҳсос мекунам ба тозаги иттифоқ афтода аст

Бояд ки ман ва ту/ ситорае дар осмон ва абрҳояш шавем

Ба боло сафар кунем ва боз нагардем

Ин саёра ва бадбахтиҳояшро раҳо кунем
 
L

Loiq

🌹🌹

❤️Агар бо бахшиши ту ҳоли як нафар хуб мешавад, бубахш...!
❤️Агар бо лабханди ту ноумеде умед мегирад, биханд...!
❤️Агар бо будани ту, диле шод мешавад, бимон...!
❤️Хуб будани худро марбут бар "хуб будани дигарон " накун...
❤️Мо оина нестем, инсонем...!
❤️Агар бо гузашт кардан касе кӯчак мешуд, Худо инқадар бузург набуд...!
❤️Субҳи ҳамаатон бахайр бошад азизон!!!
 
Верх Низ