Шеърхои ошики.

О

Ошиқ

Меҳмон
Ало, эй беҳтар аз дунё, зи чашмони ту метарсам,
Наметарсам, зи кас, аммо, зи чашмони ту метарсам.

Агар чашми ту фармояд: “ғуломам бош”, хоҳам буд
Ки аз баъди Худо танҳо зи чашмони ту метарсам.

Ду чашмони ту дарёянд, аммо сахт тӯфонӣ,
Наметарсам ман аз дарё, зи чашмони ту метарсам.

Чӣ савдоест дар чашмат, ки бо ин қадр шайдоӣ
Мани пуршӯру пурсавдо зи чашмони ту метарсам.

Зи чашмони ту метарсам, – агар пурсад маро зоҳид,
Ва ё аз маҳшари фардо? Зи чашмони ту метарсам.

Чунин мегӯяму аммо ба ёди чашмҳои ту
Дилам гум мезанад оё, зи чашмони ту метарсам?
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Абрукамон ту дилбари лабшакарӣ.
Сухтай дили ман кардай хуни ҷигарӣ.
Сад оташи тез агар расад бар ҷонам
Боке набувад агар ту бар ман нигарӣ

Ҷингила мӯи ту,
Бӯсаи абрӯи ту.
Ошиқи рӯят манам
Дилдодаи кӯи ту

Ёр аз дили мо хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад
Ё дил ҳунари дигар надорад.
 
Верх Низ