⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

Т

Тоҷику - فارسی

Меҳмон
ҲУРМАТИ ПАДАРУ МОДАР!


Ба пирӣ хидмати модар, падар кун,
Ҷавонию чунун аз бадар кун!

Мазан таъна бар эшон аз дили сер,
Ки дигар ёбӣ замон, гардӣ ту ҳам пир.

Ки парвардаст модар дар канорат,
Падар буд солҳо тимордорат.

Биҷӯ дилшон ба хулқу хубрӯӣ,
Ки ин аст, эй бародар, некхӯӣ.



✍️ НОСИРИ ХУСРАВ.
 
П

Пайрави Иқбол

Меҳмон
..

Аз мусалмонии ин фирқа басо шак дорам,
Зи башар буданашон ҳам бахудо, шак дорам.

Ман аз ин аксари ҳукком агар ҳам бошанд...
Соҳиби маърифату ақли расо, шак дорам.

Ман дар ин шаҳр аз оне, ки сухан мегӯяд.
Баҳри тадбиру мувосо ба шумо, шак дорам.

Ман ба он шоъири ҳақгӯ ки қаламро созад,
Сарф дар масъалату мадҳу сано, шак дорам.

Ман ба он роҳнамое, ки ба минбар биншаст,
Гуфт аз ришваю покиву риё, шак дорам.

Ман ба он бехираде, ки ба сари тахт нишаст.
Гар кунад марҳамати аҳли зиё, шак дорам.

Ва ба он ҳокими худкома ки паймон бишкаст.
То дигарбора кунад аҳду вафо, шак дорам.

Ман ба он золими хунхор, ки бовар дорад...
Ба дурустии қиёмат ва Худо, шак дорам.
 
Верх Низ