ШАРИФОВА Муҳаррама

Мухаррама.jpg
ШАРИФОВА
Муҳаррама, таваллудаш 20. 02. 1968, зодгоҳаш деҳаи Ҷонварсӯзи ноҳияи Файзобод, сароянда. Соли 1990 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1989 сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Комитети радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Беш аз 90 суруду таронаҳояшро дар хазинаи тиллоии телевизион ва радио сабт кардааст. Дар ҳамаи чорабиниҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба давлатҳои узви ИДМ, Туркия ва Қатар сафари ҳунарӣ карда, санъати овозхонии тоҷикро муаррифӣ намудааст. Барои хизматҳои бисёрсолааш дар соҳаи санъат соли 1999 бо Грамотаи Фахрии Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2006 бо унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
 
Верх Низ