ШАРИФОВ Боймурод Бобоевич, таваллудаш 2.12. 1964, зодаи ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, номзади илми филология (1995), дотсент (1997). Соли 1989 факултети
филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1989 – 90 лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1991 – 94 лаборанти калон, стажёр – муҳаққиқ ва 1994 – 98 аспиранти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1996 – 98 муовини декани факултети филологияи тоҷик оид ба тарбия ва илм, 1998 – 2003 ҳамзамон ба фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ рӯзноманигор ва ҳуруфчину тарроҳи компютерӣ, 2003 – декабри 2004 муовини декани факултети филологияи тоҷик, декабри 2004 – 07 декани факултети филологияи тоҷик буд. Солҳои 1999, 2007 (се моҳ) ва 2008 барои корҳои илмию тадқиқотӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар кардааст. Муаллифи 1 китоб ва зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ. Самти фаъолияти илмиаш таҳқиқи афкори адабӣ ва танқидии суханварони асримиёнагии форсу тоҷик мебошад. 24-уми январи соли 2020 Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АУ Тоҷикистон таъин шудаанд.
![_avatar180.jpg _avatar180.jpg](/proxy.php?image=https%3A%2F%2Fsubhonjalilov.wordpress.com%2Fwp-content%2Fuploads%2F2017%2F01%2Favatar180.jpg%3Fw%3D280&hash=92eb0b12f6dc9e1d47aecc8956044634)