САНГОВ Муродалӣ Маҳмадиевич

САНГОВ Муродалӣ Маҳмадиевич, таваллудаш 14. 12. 1972, зодгоҳаш деҳаи Файзободи
%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
ноҳияи Файзобод, омӯзгор, олим, номзади илмҳои техникӣ. Хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон. Чанд сол ассистент, солҳои 2001 – 04 аспирант, баъдан муаллими калон, дотсент, мудири кафедраи «Масолеҳшиносӣ, мошинҳо ва дастгоҳҳои металлургӣ»-и ҳамин донишгоҳ буд. Муаллифи 45 корҳои илмию методӣ (32 мақолаи илмӣ, 10 дастуру маводи таълимӣ ва 3 ихтироот), иштирокчии чандинкаратаи конференсияҳои илмӣ-амалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо. Соли 2006 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардидааст. Айни замон дотсент, сардори Раёсати таълимию методӣ, узви Шӯрои олимон, Шӯрои марказӣ-методӣ, Раиси комиссияи таълимии Шӯрои таълимию методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. С. Осимӣ мебошад.
 
Верх Низ