САЙКО Эди Викторовна

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
САЙКО
Эди Викторовна, таваллудаш 25. 04. 1932, зодгоҳаш деҳаи Обигарми ноҳияи Файзобод, археологи советӣ, доктори илмҳои таърих (1979). Духтари В. А.Сайко. Соли 1956 баъди хатми факултети таърихи Университети давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов аспиранти Институти таърихи АИ РСС Тоҷикистон, солҳои 1961 – 64 ходими калони илмӣ ва 1967 – 70 мудири лабораторияи технологияи тармими (муассисаш худи ӯ буд) ҳамин институт, 1970 – 75 дотсенти кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи Университети давлатии Тоҷикистон ва аз соли 1975 ходими илмии Интитути археологияи АИ СССР буд. Борҳо дар экспедитсияҳои археологӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон (Моғиён, Кофирқалъа, Ҳулбук ва ғайра) иштирок кардааст. Тадқиқоти Сайко асосан ба таърихи инкишофи техника ва технологияи истеҳсолти ҳунармандии давраҳои қадиму асрҳои миёнаи Осиёи Миёна оид аст. Вай иштирокчии Симпозиуми байналхалқӣ оид ба археология, таърих ва маданияти Кушониён (Душанбе, 1968), Конгресси 13-уми байналхалқии таърихи илм (Москва, 1971), Симпозиуми СССР – Франсия оид ба археологияи Бохтари Қадим (Душанбе, 1982) ва ғайра мебошад.
 
Верх Низ