САИДОВА Малика Муродовна, таваллудаш 14. 08. 1968, зодгоҳаш деҳаи Қалъаидашти
ноҳияи Файзобод, сароянда. Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Аз соли 1991 дар ансамбли «Ҷаҳоноро» фаъолияит намудааст. Чанд сол сарояндаи ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Саидова М. ҳофизаи хушовоз буда, сабку тариқаи хоси сурудхонӣ дорад. Таронахониаш басо пурсӯзу таъсирбахш аст. Бо овози фораму дилнишинаш кайҳост, ки мақбули шунавандагон гардидааст. Барои хизматҳои шоистааш дар соҳаи санъат соли 2007 бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шудааст. Холо ба тичорат машгул аст.