САФАРОВ Маҳмад

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
САФАРОВ
Маҳмад, таваллудаш 20. 5. 1943, зодгоҳаш деҳаи Саройи ноҳияи Файзобод, байтор. Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1968). Солҳои 1968 – 69 ҷонишини сардухтури байтории ноҳияи Комсомолобод (ҳозира Нуробод), 1969 – 80 сардухтури Идораи байтории ноҳияи Файзобод, 1980 – 48 директори савхози ба номи Дзержинский, 1984 – 86 директори савхози «Қалъаидашт», 1986 – 89 ҷонишини директори Заводи давлатии мурғи зотӣ, 1989 – 92 директори ҳамин завод, 1992 – 93 директори генералии Иттиҳодияи «Птицпром»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1993 – 2006 директори Заводи давлатии мурғи зоти буд. Аз соли 2006 нафақагир. 10 даъват вакили Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ интихоб шудааст. Бо ифтихорномаҳои Вазорати хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
 
Верх Низ