РОЗИҚОВ Сафар Эргашович, таваллудаш 14. 07. 1962, зодгоҳаш шаҳраки Файзобод. Яке аз
аввалин хатмкардагони мактаби мусиқии ноҳия. Соли 1983 Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзодаро хатм кардааст. Солҳои 1983 – 93 муаллим, 1993 – 97 директори мактаби мусиқӣ, 1997 – 2003 мудири шӯъбаи фарҳанги Ҳукумати ноҳияи Файзобод буд. Аз соли 2003 дар кафедраи тарбияи мусиқии факултети мусиқӣ-омӯзгории Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ба ҳайси муаллими дирижёрӣ фаъолият дорад. Соли 1999 бо Ифтихорномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2000 бо нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.