ПИРОВ Раҳмон

Пиров Рахмон.jpg ПИРОВ Раҳмон (тав. 3 июли 1951, ноҳияи Файзобод), омӯзгор, номзади илмҳои физикаю математика (1984), дотсент (1990), узви вобастаи Шӯъбаи тоҷикистонии АИ байналмилалии мактабҳои олӣ (2008). Хатмкардаи факултаи математикаи ДДОД (1973).

Фаъолияти меҳнатиаш:

1973–1977 — ассистенти кафедраи таҳлили математикӣ

1977–1979 — муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада.

1979–1982 — аспирант.

1982–1993 — муаллими калон ва дотсенти кафедраи таҳлили математикӣ,

1993–1998 — мудири ҳамин кафедра, 1998-1999 – муовини декани факултаи математикаи ҳамин донишкада оид ба илм.

2000–2005 — ходими илмӣ, мудири шӯъбаи табиӣ-риёзии ПИП Тоҷикистон.

2006–2008 — сардори шӯъбаи таълим ва муовини ректори ДДОТ

Аз соли 2008 — дотсенти ДДОТ.

Муаллифи 215 мақолаи илмӣ, илмию методӣ ва чанд дастури таълим. Иштирокдори конфиронсҳои илмии ҷумҳурӣ ва байналхалқӣ дар Новосибирск, Киев, Тошканд, Колорадо, Денвер ва ғайра. Дорандаи нишони сарисинагии АМ (1993).

Бо медали «Меҳнати шоиста» ва ифтихорномаҳои ВМ ҶТ мукофотонида шудааст.

Осор:

  1. Нишондоди методӣ аз анализи математикӣ оид ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён (бо шариктаълиф), Душанбе, 1994;
  2. Дастури методӣ оид ба мубодилаҳои дифференсиалии муқаррарӣ (бо шариктаълиф), Душанбе,1998;
  3. Алгебра (китоби дарсӣ барои синфи 9; бо шариктаълиф), Душанбе, 2001;
  4. Алгебра ва ибтидои анализ (китоби дарсӣ барои синфи 10; бо шариктаълиф), Душанбе, 2005.
 
Верх Низ