ОЙМАҲМАДОВ Илҳомҷон Султонович

ОЙМАҲМАДОВ Илҳомҷон Султонович, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои
илҳои оймаҳмад

геологияю минералогия. Соли 1998 факултети геология ва соли 2001 аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси минералогия ва кристаллография хатм кардааст. Солҳои 2001 – 03 ходими хурди илмӣ, 2003 – 06 ходими илмӣ, 2006 – 08 ходими калони илмӣ, 2008 – 11 котиби илмии Институти геологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз соли 2011 ба ҳайси ходими калони илмии Институти геология, сохтмони иншооти ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Соли 2006 дар мавзӯи «Минералогия ва шароитҳои термобарогеохимиявии пайдошавии конҳои аметисти пастхамиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҷанубу ғарбии қаторкӯҳҳои Қаротегин» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи як китоби дарсӣ, зиёда аз 40 мақолаи илмӣ. Коромӯзи илмӣ дар Институти геологияи Донишгоҳи техникии Академияи кӯҳии Фрейберг (ҶФГ; 2007 – 08), Маркази геофизикии Потсдам (ҶФГ; 2011) ва Институти омӯзиши пуштакӯҳи Тибети Академияи илмҳои ҶХХ (2011) буд. Дар семинарҳои байналмилалӣ дар Австрия ва Туркия иштирок ва маърӯзаҳо кардааст. Дорандаи Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонон дар илмҳои дақиқ (2011).Узви Шӯрои ҷумҳуриявии ҳамгунсозии истилоҳоти Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 2011), узви Ассотсиатсияи геологияи тиббии ҷаҳонӣ (аз соли 2006) мебошад.
 
Верх Низ