ҒОИБ НАЗАРОВИЧ ҚАЛАНДАРОВ, таваллудаш 10. 05. 1925, зодгоҳаш деҳаи
Майдони ноҳияи Файзобод, ходими давлатии советӣ, журналист ва публитсист. Коркуни хизматнишондодаи маданияти РСС Тоҷикистон (1975). Фаъолияти меҳнатиаш соли 1941оғоз ёфтааст. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солҳои 1947 – 52 дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ кор кардааст. Соли 1955 Мактаби олии ҳизбии назди КМ ҲКИШ-ро хатм намудааст. Солҳои 1955 – 59 корманди газетаи «Тоҷикистони Сурх», муҳаррири газетаи «Сталинобод», котиби Комитети ҳизбии ноҳияи Марказии Сталинобод, 1959 – 73 мухбири махсуси газетаи «Правда» дар РСС Тоҷикистон, аз соли1977 раиси Комитети давлатии РСС Тоҷикистон оид ба телевизион ва радиошунавонӣ, Раиси садорати Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва аз сол 1974 котиби садорати Иттифоқи журналистони СССР буд. Муаллифи очерку асарҳои бисёри публитсистӣ. Соли 1976 узви КМ ПК Тоҷикистон, депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 8 – 11) интихоб шудааст. Бо орденҳои «Ситораи Сурх», Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II), Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони Фахрӣ» ва медалҳо сарфароз гардидааст.
Саломиддин Мирзораҳматов
Яке аз ҳамсафон ва дӯстони наздики Ҷаббор Расулов Ғоиб Қаландаров — зодаи ноҳияи Файзобод буд. Дӯстӣ миёни ин ду тан решаҳои қадимӣ дошта, ба аввали солҳои 60-ум бармегардад. Он вақт Ғоиб Қаландаров хабарнигори рӯзномаи аввали сатҳи умумииттифоқӣ «Правда» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 1973 Ҷаббор Расулов ба Қаландаров пешниҳод кард, ки сардабирии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият»)-ро ба уҳда гирад. Солҳои 70-и асри гузашта ин беҳтарин нашрия буд, ки дар ёддошти собиқадорони журналистикаи тоҷик бо номҳои «Оинаи миллат», «Оинаи ҷумҳурӣ» ёд шудааст.
Соли 1978 Расулов дӯсташ Ғоибназарро (Ғоиб Назаровичро Расулов дӯстони Ғоибназар меномид) Раиси кумитаи давлатии радио ва телевизион таъин намуд. Боре субҳи бармаҳал Расулов ба Ғоибназар занг зад: «Таъҷилан ба наздам ҳозир шав!» Қаландаров тааҷҷуб кард, ки Расулов ӯро дар қабулгоҳ пешвоз гирифт.
– Ман мехоҳам ба ту қабулгоҳ, утоқи корӣ ва истироҳати худро нишон диҳам,-гуфт вай ба Қаландаров.
– Чаро шумо ба ман инро нишон медиҳед? Дар утоқи истироҳатии шумо ман ҳамроҳатон борҳо чой нӯшидаам?-тааҷҷуб кард Қаландаров.
– Аммо ту бори дигар бубин, — исрор кард Расулов ва ӯро аз оринҷаш гирифта, аз тариқи утоқи корӣ вориди утоқи истироҳат шуд. – Ту бовар кардӣ, ки дар қабулгоҳ, утоқи корӣ ва утоқи истироҳати ман чизи зиёдатие вуҷуд надорад? Аммо аз болои ту номаи беунвон ворид шудааст, ки ту дар утоқи истироҳати худ яхдон гузоштӣ, дар мошини хидматиат минителевизор. Дур кун ин ҳамаро! Ба ба ҳасудонат баҳонае надеҳ, ки туро сиёҳ кунад!
Ғ.Қаландаров мақоли тоҷикиро ба ёд овард, ки «Дӯст гӯяд табарвор, душман гӯяд шакарвор». Аз назди Расулов ба телевизион занг зад: «Фавран яхдонро аз утоқи ман бардоред» Ва минителевизорро аз мошин дар худи назди бинои КМ ҲК канд.
Ғоиб Қаландаров ва Шодӣ Саидов (зодаи Ғарм), ки баъди Қаландаров рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ»-ро муҳаррирӣ мекард ва баъдан Раиси Кумитаи давлатии киномотография буд, аз ҷумлаи камтарин касоне буданд, ки Расулов бо онҳо дар соатҳои ғайрикорӣ дидору мулоқоту суҳбат мекард.
Владимир Захватов
Гоиб Назарович Каландаров был выдающимся советским журналистом и редактором, одним из лучших репортеров СССР, он был замечательным руководителем Гостелерадио Таджикистана, именно при нем проходили грандиозные реформы отрасли!!! Я горжусь, что работал его заместителем, что был в его команде, тем, что научился у Гоиба Назаровича очень и очень многому!!! Помню его всегда! И очень ценю его память, люблю его. И это навсегда!
Негматулло Мирсаидов
Выдающийся государственный деятель. Период его правления считается периодом расцвета ТВ и Радио Таджикистана. Благодаря ему были построены Дом Радио, редакторский корпус ТВ, созданы Ансамбли «Гульшан», «Зебо», «Дутаристок». Все структуры — это были своего рода сплав опыта и молодости. Он смело доверял молодым, отказавшись от застойной кадровой политики и назначая на руководящие должности молодежь. Гаиб Назарович доверял талантам, создавал для них условия, считался иногда с их капризами, хотя был довольно суровый руководитель. Он умел слушать, принимал и ценил хорошее предложение, инициативу. Помню, когда на Центральном Телевидении появилась бегущая строка. Председатель спросил у ответственных инженеров, можем ли мы. Старые инженеры не могли, но молодой главный инженер Рошальд Давыдов со своей командой энтузиастов нашли способ. Или повторы голов в футбольных матчах. Специального оборудования у нас не было. Мы отставали на порядок по техническому развитию от Москвы. Но, посоветовавшись и видеоинженерами, я впервые с ними это сделал. Кустарно, примитивно, но мы сделали с молодыми ребятами, фамилии которых не помню, но знаю по именам. Это были Эшон, Нуриддин, Шамшод. Гаиб Назарович хотел всегда поднимать выше авторитет журналиста, Гостелерадио в целом. В середине 80-х ТВ и Радио были настоящей «четвертой властью». Заслуги Каландарова в развитии ТВ, Радио, музыкального искусства неоценимы. Многие его вспоминают добрым словом. И мы гордимся, что были не только учениками, иные и «любимчиками» потому, что он всегда любил таланты.
Малохат Дустматова
Никогда не забуду его наставления, его глаза, когда он улыбался…, строгий и требовательный руководитель, однако его ученики были лучшими во всем. Мы были лучшими и гордимся этим. В Союз журналистов СССР меня принимал лично Ґоиб Назарович Каландаров. Равонашон шод бод, устодамонро.
Кироншох Шарифзода
Худо раҳмат кунад устод Ғойиб Қаландаровро, дар ҳақиқат, радио ва телевизиони Тоҷикистон дар замони роҳбарии эшон марҳалаи рушдро пайи сар кард. Мо, газетчикҳо ба радиошникҳову телевизионшикҳо ҳавас мекардему онҳо ба мо, чун дар фаъолияти журналистӣ рақобати солими касбӣ сурат мегирифт. Вале ҳоло гап аз дигар лаҳзае. «Исёни» рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» (соли 1988), бо коршикании якшабонарӯза, бо таъсиси Комиссияи КМ ҲК Тоҷикистон бо роҳбарии Ғойиб Назарович, ки ҳамзамон раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буданд, ором шуда, аҳли «КТ» ба кор идома дод. Лек таҳқиқи Комиссия, ки ба пиндори мо то ягон ҳафта шояд анҷом ёбад, хеле тӯл кашид. Ниҳоят, нишасти ҷамъбастии он дар бинои Кумитаи РТВ баргузор шуд… Азбаски чун ҳамеша аз миёни ҳамкорон «пагонивазкардагон» буданд, баҳс ба дарозо кашид… Гойиб Назарович дар маҷлисгоҳ қадамзанон фикри ҳар касро мепурсиду баъзан сӯйи мизи раёсатравон суолашро такрор мекард. Эҳсос мегардид, ки ботинан ҷонибдори «исёнгарон» аст, вале ҳамчун раиси Комиссия наметавонист инро зоҳир созад. Чунки хулосаи кори Комиссия танҳо бо дар вазифаи сармуҳаррири «Комсомоли Тоҷикистон» мондани Ато Ҳамдам маҳдуд намешуд, балки КМ Комсомол ба редаксияҳои дигар пароканда намудани журналистони пешбари «КТ»- ро низ дар нақша дошт.Тарзи пешбурдани ҷаласа, суолу ҷавобҳои ғайрипротоколии Ғойиб Назарович моро барои истодагарӣ дар мавқеамон рӯҳбаланд месохт. Ҳамзамон маълум буд, ки хайрхоҳии раиси Комиссия маънои бурди «исёнгарон» -ро надорад, вале ниҳоят, бо вуҷуди дар вазифа намондани сармуҳаррири «КТ», редаксияи рӯзнома дар масъалаҳои усулӣ бой надод…
Зайнудин Орифи
Вопасин лахзахои умрашон дар ихотаи хамсару фарзандон дар шахри Санкт Петербург гузашта буд ва дар бистари бемори хобида хотирахо парешон шуда. Соли 2009 аз олам чашм пушиданд.