НУРУЛЛОЕВ Забҳулло Хайруллоевич, таваллудаш 14. 09. 1960, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ. Соли 1982 факултети иқтисодии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ» хатм намудааст. Солҳои 1982 – 83 лаборанти калони кафедраи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ дар корхонаҳои кишоварзӣ», 1983 – 86 ассистенти кафедраи «Ташкили истеҳсолоти кишоварзӣ»-и Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1986 – 90 аспиранти Академия кишоварзии ба номи К. А. Тимирязеви ш. Москва, 1990 – 94 ассистент, 1994 – 2004 муаллими калони кафедераи «Баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит»-и Донишгоҳои аграрии Тоҷикистон буд. Аз моҳи ноябри соли 2004 ба ҳайси дотсенти ҳамин кафедра фаъолият дорад. Соли 2004 дар мавзӯи «Таъминоти сармоягузории рушди корхонаҳои пахта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рисолаи номзади илмро ҳимоя кардааст.