НУРИДДИНОВ Шамсиддин, таваллудаш 22. 01. 19 51, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, номзади илмҳои филологӣ. Соли 1972 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог, муаллими забон ва адабиёти тоҷик хатм кардааст. Солҳои 1972 – 76 ходими хурди илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, 1976 – 78 тарҷумон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 1978 – 84 ходими калони илмии Институти шарқшиносии АИ Тоҷикистон, 1984 – 87 котиби дуюми Сафорати СССР дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1987 – 98 ходими калони илмӣ, мудири шӯъбаи Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ, 1998 – 2007 мудири бахш, мудири шӯъба оид ба корҳои дини дастгоҳи раиси ш. Душанбе ва ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи сардори Идораи фарҳанги ш. Душанбе буд. Аз 29 сентябри соли 2007 мудири бахши анъана ва ҷашну маросимҳои дастгоҳи раиси ш. Душанбе. Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе интихоб шудааст. Бо Ифтихорномаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.