Нома ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон!

  • Автор темы Раьно Зоирдухт
  • Дата начала
Номаи ба унвонатон ирсол мекунам аз он сабаб, ки ман як духтари деҳотии дури дур аз шаҳри Истаравшанам.Хонандаи мактаби рақами 50- и деҳаи Обҷувоз, Манижаи Муродӣ ҳастам. Хонандаи аълохонам ва ҳамеша дар дил орзуи хондану соҳибкасб шуданро дар дил мепарварам. Вақте дар синфи 9 мехондаму аз идома додани таҳсил лаб ба сухан мекушодам, акаам бо исрор талаб мекард, ки дигар дар бораи хондан лаб накушояму ман духтари деҳотиям.Охир бо гиряву зорӣ лоақал то синфи 11идома додани хонданро мепурсидам. Дар ин миён акаам ба хизмати Ватан даъватӣ шуд ва дар Бадахшон ба аскарӣ рафт.Пайваста нома менавишт, ки моро пазмон шудаасту барои идомаи хондан розӣ ҳаст ва донишамро ҳайф накунам.Ҳамин тавр имсол синфи 11- ро бо муваффақият бо баҳои хубу аъло анҷом дода ҳуҷҷатҳоямро ба маркази тестӣ супоридам. Мо дар оилаи оддиву сода ба камол расидаем.Кори деҳа барои мо духтаракони деҳот басандаву аммо аз ҳисоби духтарони соҳибмаълумот ниёз доштанашро пайваста эҳсос мекунам ва аз ин сабаб аҳд кардам хонаму ба деҳотам омузгор шавам. Ҳоло ҳамагӣ камтар балли имтиҳонам камӣ мекунаду дилам аз ин басо танг гашт. Мабод мисли дигар духтарони деҳот бо ин баҳона сабабе пайдо шуда маро ба нафаре номзад накунанд, нома ба унвонатон навишта илтимос мекунам маро дастгирӣ кунед.Нома бо қатраҳои ашк навишта умед дорам меҳрубонии бобогии худро бароям арзонӣ медореду дасти меҳрубонии ҳамешагиатон ҷониби ман низ дароз мекунед. Маро ба орзуи олии донишҷӯи бирасонед Пешвои муаззами миллати азиз. Соат ба соат муждаи хайри сарнавиштамро интизор шуда, номаамро ин ҷо хотима мебахшам. Тел 98 714 0410

1722121299634.png
 
А

Анис

Бовар кунед Манижабону инкадаре духтарои точик дар даврони истиқлол хор шуданд ки дар таърихи Тоҷикистон ин шояд зарин навишта шавад, ки як пешвои худхондае буд бо номи Рахмонуф ва тамоми миллатро хор кард. Ин эама сиёсати нодурусти бвалатдори аст ки дигар духтарои тоҷик орзуи донишҷӯ ва сохбкасбиро мекунанд!
 
М

Мавлвда

Умед хаст ки пешвои миллат дастгиритон мекунад.
 
Верх Низ