НЕЪМАТЗОДА Амонулло

Амонулло-хазрат Неъматзод
НЕЪМАТЗОДА
Амонулло, таваллудаш соли 1941, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, уламои дини ислом. Маълумоти диниро дар назди волидон, баъдтар дар назди Қорӣ Ҳикматулло, Эшон Аҳмадхоҷа ва Мавлавӣ Муҳаммадҷони Қӯқандӣ гирифтааст. Солҳои 1983 – 89 имоми Масҷиди Шоҳмансур, 1989 – 93 имоми Масҷиди Мавлона Яъқуби Чархӣ, 1993 – 96 сархатиби ҳамин масҷид, аз соли 1996 то охири умр (2010) раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Дар пешбурди фарҳанги исломӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу созиш дар кишвар саҳмгузор аст.
 
Верх Низ