НАСРИДДИНОВ Мирзомуддин Шамсуддинович, тавллудаш 10. 01. 1971, зодгоҳаш деҳаи
Бунгакиёни ноҳияи Файзобод, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисодӣ (2008). Соли 1993 факултети мехуникаю математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси математикаи амалӣ хатм кардааст. Солҳои 1993 – 94 муҳосиби шӯъбаи амалиётӣ – муҳосибавии филиали саҳомию тиҷоратии «Агропромбонк» – «Шарқ»-и ноҳияи Ҳисор, 1994 – 96 дар хизмати аскарӣ, 1996 – 97 сармуҳосиби корхонаи хурди «Рангоранг»-и ш. Роғун ва ҳамзамон омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ш. Роғун, 1997 – 2007 муҳандис – барномасози кафедраи информатика ва эконометрияи факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент, муҳандис – барномасози Маркази таълимию ҳисоббароӣ, ёрдамчии ректор, ёрдамчии ректори Маркази компютерӣ, мудири бахши илм ва робитаҳои беруна, муовини декан оид ба илм ва тарбияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, 2007 – 09 устоди калони кафедраи информатикаи амалии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон ва директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз моҳи январ то августи соли 2009 декани факултети технологияи информатсионии Донишкадаи технологияи иноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон, аз моҳи сентябр то декабри 2009 сардори шӯъбаи илм ва иноватсияи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, аз декабри 2009 то августи 2010 сардори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон буд. Аз 1 сентябри соли 2010 вазифаи мудири кафедраи системаҳои иттилоотии Донишгоҳи технологии Тоҷикистонро ба ӯҳда дорад. Соли 2008 дар мавзӯи «Моделҳо ва методҳои оптимизатсионии идоракунии захираҳои молию моддӣ» рисолаи номзадиро ҳомоя кард. Муаллифи 19 мақолаи илмӣ, 1 монография, 1 мақолаи илмӣ-методӣ ва маводи таълимӣ-методӣ мебошад. Дар конференсия ва форуму семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯзаҳои илмӣ кардааст.