МУҲАММАД ЮСУФ, таваллудаш 15. 4. 1943, зодгоҳаш деҳаи Қашқараҳаи ноҳияи Файзобод,
шоир, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 1963 Омӯзишгоҳи фарҳанги ҷумҳуриявӣ ва соли 1970 факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1960 – 81 ходими калони илмии Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ-методии ҷумҳурӣ, 1981 – 93 директори Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзодаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, 1993 – 97 сармутахассиси Маркази эҷодиёти халқ ва корҳои илмӣ- методӣ, 1997 – 2005 мудири шӯъбаи Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Ҳоло муҳаррири Муассисаи нащриявии «Маориф ва фарҳанг» мебошад. Ҳамчун мутахассиси соҳаи фарҳанг мақолаҳои бисёри илмӣ- методӣ ба табъ расондааст. Шеърҳояш аз соли 1970 чоп мешаванд. Маҷмӯаҳои ашъораш бо номи «Шӯъла» ва «Ганҷи ҷовид» (2003), «Шоми исёнӣ» (2009) чоп шудаанд. Ҳамчунин мураттиби маҷмӯаҳои дастаҷамъии «Риштаборон» (1984), «Вохӯрӣ» (1992), «Дурахши ҳунар» (2005), «Наврӯзи Роғун» (2010), «Бахтофрин» (2011), «Гулбонги истиқлол» (2011) ва ғайраҳо мебошад. Аз соли 2000 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.