МУҲАББАТИ ЮСУФ, зодгоҳаш деҳаи Заркамари ноҳияи
Файзобод. Соли 2005 шӯъбаи ғоибонаи факултети рӯзноманигорӣ ва тарҷумонии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намуда, то соли 2007 дар рӯзномаҳои «Садои мардум» ва «Ҷумҳурият» ба ҳайси хабарнигор кор кардааст. Аз соли 2007 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ба ҳайси мудири шӯъбаи илмӣ-методӣ ва маълумотию библиографӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон сармуҳаррири рӯзномаи тахассусии «Роҳнамои дониш» мебошад. Соли 2003 китоби нахустинаш бо номи «Пайванди шикаста» ба табъ расидааст. «Зиндарӯд» китоби дуюми ӯ мебошад, ки қиссаи мустанад буда, аз рӯзгори пурфоҷиаи сарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қаландаров Мирзораҷаб ҳикоят мекунад.