МИРЗОЕВ Фидоалӣ, таваллудаш 2. 12. 1954, зодгоҳаш деҳаи Биникулӯтаи ноҳияи Файзобод, полковники милиса. Солҳои 1972 – 73 котиби маҷлиси судии Суди ноҳияи Файзобод буд. Солҳои 1973 – 75 дар қӯшунҳои муҳофизати заддиҳавоии Армияи Советӣ хизмат кардааст. Соли 1981 Университети давлатии Тоҷикистон, соли 1985 курсҳои олии Институти тафтишотии ш. Волгоград ва соли 1988 Институти такмилии ихтисоси кормандони соҳаи тафтишоти Прокуратураи генералии СССР-ро дар ш. Ленинград (ҳозира Санкт-Петербург) хатм намудааст. Солҳои 1981 – 2004 дар мақомоти умури дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои муфаттиш, сармуфаттиш ва сардори бахши тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Файзобод кор кардааст. Соли 2004 ба истеъфо баромад. Аз соли 2005 то имрӯз узви мушовараи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.