МАЛИКОВ Тавакал Саидович, таваллудаш 2. 05. 1962, зодгоҳаш маҳаллаи Чинаии ноҳияи
Файзобод, номзади илми химия (1990). Соли 1984 Университети давлатии Тоҷикистон ва соли 1989 аспирантураи Университети давлатии ш. Москваро хатм намудааст. Солҳои 1989 – 91 ходими илмии шӯъбаи илмию тадқиқотии Мушкилоти химиявии координатсионӣ ва экологии Университети давлатии Тоҷикистон, 1991 – 2001 ассистент ва муаллими калони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, 2001 – 11 сармутахассиси шӯъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аз 5-уми майи соли 2011 ба ҳайси сардори Раёсати илм ва иноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. Муаллифи 12 мақола ва шаҳодатномаи ихтироот. Бо ифтихорномаҳо сарфароз гардидааст.