КАРИМОВ Музаффар, таваллудаш 15. 02. 1949, зодгоҳаш деҳаи Устошамси ноҳияи Файзобод, доктори илмҳои биология, узви вобастаи Академияи муҳандисии Тоҷикистон (1994), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002). Соли 1970 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1970 – 73 ассистенти кафедраи «Физилогияи растанӣ»-и Универиситети давлатии Тоҷикистон, 1973 – 76 аспиранти Институти генетикаи АИ СССР, 1976 – 86 ходими илмӣ ва 1986 – 88 мудири лабараторияи биохимияи фотосинтези Институти физиология ва биофизикаи растании АИ ҶТ буд. Аз соли 1988 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба ҳайси дотсен, мудири кафедраи технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ноиби ректор оид ба корҳои маъмурию хоҷагӣ, декани факултети боғдорӣ ва биотехнологияи кишоварзӣ кор мекунад. Узви 2 шӯрои дифои рисолаҳои илмӣ: номзадӣ (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва окторӣ (Донишгоҳӣ аграрии Тоҷикистон) мебошад. Дар давоми 40 соли фаъолияти меҳнатиаш дар пешрафти таълиму тарбия ва илм, тайёр намудани мутахассисони соҳаи агросаноатӣ, маориф ва илм, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тарғибу ташвиқи сиёсати давлатамон саҳми арзанда гузоштааст. Муаллифи 3 китоби дарсӣ, зиёда аз 140 мақолаи илмӣ ва таълимӣ, 2 патент мебошад. Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаҳои номзадӣ ҳимоя кардаанд. Барои хизматҳои сермаҳсули бисёрсола бо Ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005) сарфароз гардидааст.