ҲИКМАТ РИЗО

ҲИКМАТ РИЗО, таваллудаш соли 1894, зодгоҳаш деҳаи Ёнахши Обигарм (ҳозира ноҳияи
Хикмат Ризо.jpg
Файзобод), шоири халқии тоҷик, гӯрӯғлисаро, Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон. Рағбати дуторнавозӣ ва хунёгариро дар дили ӯ пеш аз ҳама падараш Муҳаммадризо ва бародараш Зиё Ризо бедор кардаанд. ӯ дар маъракаҳое, ки бо иштироки гӯрӯғлихонҳои сарихосорӣ баргузор мегашт, иштирок намуда, тадриҷан худ низ ба гӯрӯғлихонӣ пардохт. Бино ба эътирофи худаш, гӯрӯғлихониро аз шогирди Шукурмаст – Наврӯзи Ҷонмуҳаммад ва Холи Мусофир омӯхтааст. Аз синни 20-солагӣ дар маъракаҳо ҳунарнамоӣ карда, ҳамчун гӯрӯғлисаро ном баровард. Минбаъд ба деҳоти Қаротегин ва Кӯлобу Ҳисор сафар карда, дар ҷамъомадҳои гӯрӯғлихонҳо иштирок намуда, маҳорати гӯяндагиашро сайқал додааст. Соли 1948 фолклоршиносон аз Ҳикмат Ризо 35 достони « Гӯрӯғлӣ»-ро дар ҳаҷми 105 ҳазор мисраъ сабт карданд, ки ин ганҷи бебаҳо дар шӯъбаи фолклори Институти забон, адабиёт, шарқшиосӣ ва мероси хаттии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфуз аст. Ба ғайр аз ин ӯ дар ҳаҷми 25 ҷузъи чопӣ афсонаю ривоят ва хотираҳои сабткарда дорад. Соли 1965 ду достони бузурги «Гӯрӯғлӣ»-ро Ҳикмат Ризо дар чор қартаи калонҳаҷм сабт кард, ки он чор бор нашр шуд. Овози ӯ аз соли 1955 дар наворҳои радиои тоҷик сабт шудааст. Соли 1969 дар ш. Душанбе ба муносибати 100-солагии таваллуди В. И. Ленин Конкурси гӯрӯғлисароён доир гашт, ки дар байни 55 нафар гӯрӯғлихонҳои ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ Ҳикмат Ризо сазовори ҷойи аввал шуд.

Ҳифз кардану сурудани достонҳои ҳаҷман калони «Гӯрӯғлӣ», суруду достонҳои мардумӣ ва ғазалу мухаммасҳои зиёди Ҷалолуддини Румӣ, Ҳофиз, Саъдӣ ва дигар саромадони адабиёти классикии форс-тоҷик Ҳикмат Ризоро ба шеъргӯӣ раҳнамун сохт. ӯ дар пайравии асарҳои халқи як қатор шеъру достон эҷод кард. Асарҳои Ҳикмат Ризо дар маҷмӯаҳои ӯ «Суруди Ватан» (1950) ва «Баҳори Тоҷикистон» (1979) гирд оварда шудаанд. Дар достони «Роҳсозӣ ва ободонӣ» меҳнати фидокоронаи роҳсозони роҳи Сталинобод (Душанбе) – Помир, ки шоир иштирокчии он буд, васф шудааст. Дар достони дигари ӯ «Ҷанги ватанӣ» корнамоиҳои ҷанговарони шӯравӣ – ҳамдеҳаҳои диловари шоир васф гардидаанд. Соли 1987 маҷмӯаи достонҳои ӯ дар Москва ба забонҳои тоҷикию русӣ нашр шуд. Соли 1988 киностудияи «Тоҷикфилм» дар бораи Ҳикмат Ризо филми ҳуҷҷатии «Жакон»-ро ба навор гирифт (муаллифи сенария С. Ҳақдодов, режиссёр С. Солеҳов).

Ҳаёти Ҳикмат Ризо ба ҳаёти фарҳангии ҷумҳурӣ пайвасту тавъам буд. ӯ иштирокчии Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар ш. Москва (соли 1949) ва Симпозиуми шарқшиносони ҷаҳон дар ш. Москва (1960) аст. 3-юми феврали соли 1990 дар синни 96-солагӣ дар маҳаллаи Буни Ҳисораки ноҳияи Исмоли Сомонии ш. Душанбе вафот кард. 17 ноябри соли 1990 ба хотири гиромидошти номи Ҳикмат Ризо дар деҳаи Мискинободи ноҳияи Файзобод нимпайкараи ӯро гузоштанд.
 
Верх Низ