ЧАҚАЛЗОДА Қиёмиддин, таваллудаш 28. 04. 1945, зодгоҳаш деҳаи Хуванди ноҳияи
Файзобод, актёр, Ҳунарпешаии халқии Тоҷикистон (2008). Соли 1975 факултети актёри драма ва кинои Институти давлатии санъати Тоҷикистонро хатм намудааст. Аз соли 1975 инҷиниб дар Театри давлатии академии драмаи тоҷик ба номи А. Лоҳутӣ ба ҳайси актёр фаъолият дорад. Дар ин муддат дар саҳнаи театри ба номи А. Лоҳутӣ бисёр нақшҳои ҷолиб ва хотирмон офаридааст. Куряткин («Ҷарроҳӣ»-и А. Чехов), Зайн ибни Умайдо («Ишқи араб»-и П. Мериме), Шарифов («Интихоби домод»-и Ҳ. Содиқ), Кӯзагар («Роҳзан ва кӯзагар»-и М. Бахтӣ), Сухсуров («Садо аз тобут»-и А. Қаҳҳор), Гумоштаи сиёсӣ («Алломаи Адҳам»-и С. Улуғзода), Шайх Низомиддин («Зебуниссо»-и Ш. Қиёмов ва М. Шералӣ), Оқсақол («Дохунда»-и Ҷ. Икромӣ), Қарабой («Гилеми кабуд»-и Т. Аҳмадхонов), Ашӯр («Хонашерони майдонғариб»-и Ш. Қиёмов), Халил-афандӣ («Айнӣ»-и Ғ. Абдулло), Гӯрков («Гамлет»-и В. Шекспир), Атаман Дор («Кӯзаи гӯё»-и А. Абӯбакр), Искандар Маҳкамов («Кӯпрук»-и Ф. Ниёзӣ), Мишка Земсов («Бозиҳои бераҳмона»-и А. Арбузов), Азизулло («Фарзанди Осиё»-и Р. Қудратов), Маҳкам («Исёни арӯсон»-и А. Аҳмад), Суламӣ («Рудакӣ»-и С. Улуғзода), Ширинкор («Шоҳ Лир»-и В. Шекспир), Генерал («Бо имзои Ленин»-и А. Атобоев), Туманчиков («Авлиё ва осӣ»-и М. Варфоломиев), Тешабой («Лайлатулқадр»-и Ю. Акобиров), Раҳимов («Дар чорсӯ»-и Н. Табаров), Сатторов («Ҳақиқати талх»-и С. Сафаров), Шер («Заргӯши доно»-и Ш. Қиёмов), ӯрмонқамиш («Мардҳо намегирянд»-и Ҷ. Қуддус), Қосид («Эдип»-и Софокл), Ҳасанлӣ (Қиёми Лоҳутӣ»-и А. Атобоев), Қаровул («Худкардаро даво нест»-и М. Холов), Шодиқулов («Ҷияни хира»-и Ш Солеҳ), Лақай («Парвози Сабзабаноз»-и М. Муҳаммадиев), Саргурба («Қиссаи аҷибу ғариб»-и Т. Аҳмадхонов), Аброр («Афсонаҳои мӯйсафед»-и Н. Абдуллоев), М. Қосимов («Драмаи миллат»-и С. Аюбӣ), Муҳаммади Башоро (« Шоҳ Исмоил»-и М. Бахтӣ), Олим («Мусофир»-и Н. Абдуллоев), Даврон («Сӯробҳо»-и Н. Табаров), Ҳумон ва Ҳаҷир («Зуҳури навини Сӯҳроб»-и Ф. Умаров), Мудир Қайсар («Тахти султон Маҳмуд»-и Ш. Солеҳ), Эрбуқохон («Темурмалик»-и М. Бахтӣ), Угаров («Бист дақиқа бо фаришта»-и А. Вампилов), Холмат («Бой ва Хизматгор»-и Ҳ. Ниёзӣ). Бо нишони сарисинагии «Аълочии маданияти СССР» сарфароз гардидааст.