БОЗОР Собир, Шоири халкии Точикистон, таваллудаш 20. 11. 1938, зодгоҳаш деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод,
шоир. Соли 1962 факултети таъриху филологияи Универистети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои тӯлонӣ ходими адабӣ ва мудири шӯъбаи рӯзномаи «Маориф ва Маданият» (то соли 1975), мудири шӯъбаи назми маҷаллаи «Садои Шарқ» (1975 – 79) ва аз соли 1979 ҷонишини раиси Шӯрои назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд. Ҳоло дар ИМА зиндагӣ ва кор мекунад. Аввалин шеърҳояш соли 1960 ба табъ расидаанд. Муаллифи маҷмӯаҳои «Пайванд» (1972), «Оташбарг» (1974), бо хати форсӣ – 1984, «Гули хор» (1978), «Мижгони шаб» (1981), «Офтобниҳол» (1982), «Бо чамидан, бо чашидан» (1987), «Чашми сафедор» (1992), «Гулчини ашъор» (ба форсӣ, Алҳудо, Эрон), «Шеъру шоире агар ҳаст» (2006), «Аз гули хор то симхор», (2003). Бозор Собир шоири лирик аст. Тамоми мавзӯъҳои ашъораш ба олами ҳиссиёт сахт вобаста мебошанд. Пайванди ҳастии инсон, халқ бо Ватан мазмуни ғоявии бисёр шеърҳои ӯро ташкил медиҳанд. Дар як қатор шеърҳои ӯ, ки ба мавзӯи Ватан оиданд, сифатҳои қаҳрамониву фоҷиабори таърихи халқу Ватан, муборизаи аҷдоди халқи тоҷик, фарзандони барӯманди ӯ баҳри озодиву ободӣ ба ҷилва меоянд. Як силсила шеърҳои ӯ ба васфи Тоҷикистон, зодгоҳ кӯҳистони диёри офтобиамон бахшида шудаанд. Ашъори Бозор Собир дар ташаккули шеъри муосири тоҷик нақши намоён гузоштааст. Намунаҳои ашъораш ба забонҳои русӣ, украинӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, гурҷӣ, литвонӣ тарҷума шудаанд. Аз осори Ҷ. Байрон, А. Рембо, П. Неруда, Г. Аполлинер, Х. Расол, С. Есенин, Э. Межелайтис, М. Светлов, А. Орифов ва дигар адибони хориҷӣ ба забони тоҷикӣ тарҷумаҳо дорад. Бо Грамотаҳои Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Рӯзи 1-уми майи соли 2018 баъди беморӣ дар шаҳри Сиэтли ИМА аз олам чашм пӯшидааст. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бошад!!!
Ҳуббулватани шамолҳо – Файзобод,
Ҳуббулватани кулолҳо – Файзобод.
Дар ҳар қадаме ғизолчашме дидем,
Ҳуббулватани ғизолҳо – Файзобод.
*******
Ҳелок на чашма, чашми Файзобод аст,
Чашме, ки замин бар осмон бикшодаст.
Сад мртаба узр, Ҳофизи Шерозӣ,
Серобтар аз чашмаи Рукнобод аст.
*******
Устуни замин тираки Файзобод аст,
Аз дастаи сабзи тешаи Фарҳод аст.
Он дастаи тешае, ки дар санг шикаст,
Тирак шуда дастаҳои дигар додаст.
*******
Ҳар кӯза, ки аз хоки лаби Ҳелок аст,
Ҳамхоки ман асту ҳамчу коғаз пок аст.
Аз кӯзаи пушти ман мапурсед маро,
Хоке, ки ба сар задам ман, аз он хок аст.
Рӯзи 1-уми майи соли 2018 баъди беморӣ дар шаҳри Сиэтли ИМА аз олам чашм пӯшидааст. Равонаш шоду хонаи охираташ обод бошад!!!
Ҳуббулватани шамолҳо – Файзобод,
Ҳуббулватани кулолҳо – Файзобод.
Дар ҳар қадаме ғизолчашме дидем,
Ҳуббулватани ғизолҳо – Файзобод.
*******
Ҳелок на чашма, чашми Файзобод аст,
Чашме, ки замин бар осмон бикшодаст.
Сад мртаба узр, Ҳофизи Шерозӣ,
Серобтар аз чашмаи Рукнобод аст.
*******
Устуни замин тираки Файзобод аст,
Аз дастаи сабзи тешаи Фарҳод аст.
Он дастаи тешае, ки дар санг шикаст,
Тирак шуда дастаҳои дигар додаст.
*******
Ҳар кӯза, ки аз хоки лаби Ҳелок аст,
Ҳамхоки ман асту ҳамчу коғаз пок аст.
Аз кӯзаи пушти ман мапурсед маро,
Хоке, ки ба сар задам ман, аз он хок аст.