Фаъолиятҳои илмӣ: Соли 1999 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи «Таркиб ва фаъолнокии рибулозо 1,5 – бисфосфат – карбоксилазаҳо / оксигеназаҳо дар растаниҳои солимгардонидашудаи картошка дар вобастагӣ ба ҳосилнокии онҳо» ва соли 2016 рисолаи доктории хешро дар мавзӯи «Баланд бардории маҳсулнокии картошка бо истифода аз усулҳои пурзӯркунандаи аксуламалҳои мутобиқшавии раcтаниҳо дар шароитҳои номусоид (стрессӣ)» дифоъ намудааст.
Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили парвариши картошка ва нигоҳдорию коркарди маҳсулоти соҳаи растанипарварӣ равона шудааст. Аввалин маротиба аз ҷониби ӯ дар шароитҳои гуногуни хоку иқлими Тоҷикистон дурагаҳои ояндадор, ки ба шароити хушкӣ тобавар буда, ба баландшавии ҳарорати ҳаво бе талафоти ҳосилнокии баланд мутобиқ мебошанд, ошкор карда шудааст. Вай ҳаммуаллифи навъи картошкаи «Академияи илмҳо-1 ва як патент мебошад.
Таҳти роҳбарии ӯ аспирантон ва магистрон оид ба масъалаҳои гуногуни парваришу нигоҳдории зироатҳои кишоварзӣ корҳои илмӣ анҷом додаанд, ки онҳо дар баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва амалӣ гардидани Барномаи амнияти озуқаворӣ аҳамияти калон доранд.
Осори илмӣ: профессор Бобохонов Р.С., муаллиф ва ҳаммуаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, 10 дастур ва 8 китоб, аз он ҷумла, Технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, Душанбе, 2007; Технологияи нигоҳдории меваҷот ва сабзавот, Душанбе, 2011; Калориянокии маҳсулоти ғизоӣ, Душанбе, 2011; Технологияи умумии консервакунонӣ, Душанбе, 2011; Луғати мухтасари имлоҳои технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (тоҷикӣ-русӣ), Душанбе, 2011; Луғати мухтасари имлоҳои технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (тоҷикӣ-русӣ-англисӣ), Душанбе, 2011; Нигоҳубин, ҷамъоварии ҳосил, коркарди баъд аз ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти боғдорӣ, Душанбе, 2011; Асосҳои илмӣ-амалии технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, Душанбе, 2012; Технологияи коркарди меваҷот ва буттамеваҳо, Душанбе, 2016; Технологияи хушконидани меваҷот ва сабзавот, Душанбе, 2017; Ҷамъоварӣ ва нигоҳдории себу нок, Душанбе, 2019; Молшиносӣ ва ташхиси меваю сабзавот, Душанбе, 2020; Технологияи нигоҳдори имеваҷот, буттамеваҳо ва сабзавот, Душанбе, 2022 ва ғайра мебошад.