АНВАРЗОДА Сунатулло, 01.01.1978 дар ноҳияи Файзобод дар оилаи
хизматчӣ ба дунё омадааст. Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ.
Солҳои 1984 — 1994 мактаби миёнаи №1 нохияи Файзободро хатм намудаст.
Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ихтисоси иқтисодчӣ-менеҷер, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ аъло хатм кардааст. Илова ба ин, дар чандин донишгоҳҳои соҳавии дохил ва хориҷи кишвар такмили ихтисос кардааст. (аз ҷумла Ҷумҳурии Ҳиндустон, Шоҳигарии Тайланд, Ҷумҳурии Федеративии Олмон, Ҷумҳурии Туркия, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қирғизистон.
Фаъолияти кории худро соли 2001 аз мансаби муҳосиби шуъбаи баҳисобгирии молиявии Агроинвестбонки ноҳияи Файзобод оғоз намудааст. Сипас, аз сабаби иваз шудани маҳалли зист (шаҳри Душанбе) дар марказҳои шуғли аҳолии ноҳияи Шоҳмансур ва шаҳри Душанбе аз мутахассиси дараҷаи якум то сармутахассиси шуъбаи бозори меҳнати муассисаи давлатии «Маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе» (бо тариқи гузариш) кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2007-2011 дар мансаби сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2011-2012 дар Лоиҳаи ислоҳоти бахши давлатии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Мусоидат ба ислоҳоти хизмати давлатӣ дар Тоҷикистон» дар мансаби мушовири маҳаллӣ кору фаъолият намудааст.
Солҳои 2012-2015 дар мансаби роҳбари барномаи магистрии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудаст.
Солҳои 2015-2016 дар мансабҳои сардори шуъбаи умумӣ ва сардори шуъбаи кадрҳо ва ташкилии Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Хатлон кору фаъолият намудааст.
Аз 03 январи соли 2017 дар вазифаи коршиноси маҳаллии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Эрҷис» дар татбиќи Барномаи мутобиќшавӣ ба таѓйирёбии иќлим ва кам кардани таъсири он ба ҳавзи баҳри Арал, ки бо маблағгузории Бонки Ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, ќабул гардида, то ҳол кор карда истодааст.
Ғайр аз ин, дар Лоиҳаҳои созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Бонки Ҷаҳонӣ, Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон, Иттиҳоди Аврупо, Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон (GIZ), БРСММ (UNDP), OXFAM ва ғ. ба ҳайси ҳамоҳангсоз ва коршинос фаъолият кардааст.
Дар давраи фаъолияти кориааш бо мукофоти соҳавӣ аз тарафи роҳбарияти Муассисаи давлатии «Маркази шуғли аҳолии шаҳри Душанбе», Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Муаллифи якчанд маќолаи илмӣ буда, рисолаи номзадиашро дар мавзўи «Хусусиятҳои раванди ташаккул ва татбиқи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи маҳал» ҳимоя кардааст.