АМОНОВ Салоҳуддин

АМОНОВ Салоҳуддин (тав. 2 июни 1956, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор,
%d1%81%d0%b0%d0%bb%d0%be%d1%85%d0%b8%d0%b4%d0%b8%d0%bd-%d0%b0%d0%bc%d0%be%d0%bd%d0%be%d0%b2
хушнавис. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики УДТ (1978).

Фаъолияти меҳнатиаш:

солҳои 1978–1980 — ходими илмии Осорхонаи ИТИИПТ,

1980–1992 — ходими илмии шӯъбаи методикаи таълими забон ва адабиёти ПИП,

1992–1993 — муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти ИМТИБКМ,

1993–2001 — сармутахассис ва муовини раиси Анҷумани робита бо тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд»,

2001–2006 — хушнавис–таҳқиқгари Бунёди байналмилалии «Айнӣ»,

2006–2010 — котиби илмии Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

Аз соли 2012 мудири шуъбаи рушди мактаб (синфҳо)-и камкомплекти Пажуҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон. Ба ҳайси хушнавис чанд китобро хаттотӣ кардааст.

Осор:

КИТОБҲО

  1. Хрестоматияи адабиёт» барои синфи 8. Д., 1990.
  2. Машқи хат – 1. Д., 1991.
  3. Машқи хат – 2. Д., 1991.
  4. Китоби қироат – 1. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  5. Китоби қироат – 2. Д., 1991 (ҳаммуаллиф).
  6. Алифбо. Теҳрон, 1991 (ҳаммуаллиф).
  7. Алифбои ниёгон. Китоби дарсӣ барои коллеҷҳои педагогӣ. Д., 2010 (ҳаммуаллиф).
  8. Алифбои ниёгон (бо шариктаълиф), Душанбе, 2010.
ҶУЗВАҲО

  1. «Шоҳнома» – ҷилвагоҳи сухан». Д., 2012.
  2. Ёдҳо дар ёдҳо. Китоби хотирот бахш. ба «80-солагии Пажуҳишг. рушди маорифи Акад. таҳсилоти Тоҷикистон». Д., 2013.
  3. «Шукуфаҳои «Дили бемор». Д., 2015.
 
Верх Низ