АМИНОВ Файзалӣ Азимович

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
АМИНОВ
Файзалӣ Азимович, таваллудаш 15. 04. 1958, зодгоҳаш деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод, омӯзгор, ҷанговари интернатсионалист. Солҳои 1975 –76 дар ҳайати отряди зиддижолаи ш. Орҷоникидзеобод кор кардааст. Соли 1981 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикитонро хатм кард. Солҳои 1981 – 82 ассистенти кафедраи атеизми илмии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1982 – 85 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Баъд фаъолияти меҳнатиашро дар заводи пахтаи ноҳияи Оҷоникидзеобод идома дод. Солҳои 1988 – 92 дар рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»- и ноҳияи Файзобод кор кардааст. Аз соли 1992 муаллим ва баъд муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи воситаи таълимии «Ҷараёнҳои фалсафаи Ғарб», китобҳои «Фалсафа» (Маҷмӯи саволҳои тестӣ, 2009), «Таълимоти Маркс дар ҳикмати дигаргуниҳои замони муосир» (2011), «Фалсафаи ирратсионалӣ: Артур Шопенгаузер, Фридрих Нитсше» (2011), ҳаммуаллифи «Барномаи таълимӣ» (соли 2002 , аз фанни фалсафа) буда, дар таҳияву навиштани «Барномаи таълимӣ»-и нави мутобиқи стандарти ҳозираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ (аз фанни фалсафа) саҳм гузоштааст. Дар 5 соли охир 25 мақолаю тезисҳо ба табъ расонд. Рисолаи илмиаш дар мавзӯи «Проблемаи қобилиятҳои инсонӣ дар доираи назарияи фаъолият» дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Аминов Ф. таҷрибаи хуби педагогӣ дошта , шогирдонаш пайи ҳам дар олимпиадаҳои умумиҷумҳуриявии донишҷӯёни мактабҳои олӣ ҷойҳои аввалро ишғол менамоянд. Соли 2011 шогирди ӯ, донишҷӯи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ризои Баҳромзод дар олимпиадаи умумиҷумҳуриявӣ «Ба шарафи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовори ҷойи аввал гардид ва беҳтарин иштирокчии олимпиада эътироф шуд. Ҳамчун ҷанговари интернатсионалист бо медалҳои «Иштирокчии муҳорибаҳои ҷангӣ», «20-солагии баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон» ва ду медали Ҷумҳурии Афғонистон сарфароз гардидааст.
 
Верх Низ