Интизорӣ
Гули садбарги сурхеро харида,
Ба вақти ваъдагӣ сӯят давида,
Туро аммо дар он ҷо ман надида,
Нишастам оҳи вазнине кашида.
Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?
Ба уммеди ту, ҷоно бекамукост
Ҳазорон бор рафтам бар чапу рост,
Аз он ҷо рафтан асло дил намехост,
Бикун бовар, ки мегӯям гапи рост:
Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?
Ҳаво торик шуд, маҳ ҳам баромад,
Ба рӯйи сабзаҳо шабнам фаромад,
Бигуфтам худ ба худ: «ёрам наомад,
Магар ногаҳ ба вай коре баромад?»
Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?
Туӣ, ҷоно, умеду орзуям,
Биёю як нафас шин рӯ ба рӯям
Ва ё хатте фиристон ту ба сӯям,
Бикун коре, ки дигар ман нагӯям:
Дилам хун шуд зи раҳпойӣ, азизам,
Чаро охир намеойӣ, азизам?
Замини бори аввал кишт гардида
Замини бори аввал кишт гардида,
Ба дунё чашм медӯзад ба мисли кӯдаки навзод.
Туро, эй марди деҳқон, бар сари гаҳворааш дида,
Гаҳе механдаду гаҳ менамояд гиряву фарёд.
Ба чашмони ту аз ин ханда ҳам шодист,
Аз ин гиря ҳам шодист,
Ки аз онҳо нидои зиндагӣ бар гӯш меояд.
Дар онҳо инъикоси рӯйи ободист,
Замини як замон хомӯш чун бар ҷӯш меояд.
Замини асрҳо бекорхобида
Кашад чун шарбати ҷонбахш оби ҷӯйборонро,
Ба оғӯши фарох аз бахт болида,
Кунад таклиф бар ин сӯ шукӯҳи навбаҳоронро.
Нарезад то ки бефарқ аз рухи хуршед,
Дигар бар хоку гил он зарраҳои гарми тиллоӣ,
Кушояд сабз дастурхон ба сад уммед,
Ки зебоӣ бирезад боз аз нав рӯйи зебоӣ.
Замини ҷомаҳои зарҳалинпӯшам,
Ба фасли тирамаҳ овард хирман-хирмани эҳсон.
Қадаҳ пур карда бар бахти шумо нӯшам,
Заминҳои навободам, набуд фатҳи шумо осон!
Ба рухи поки ватан дилбандам
Ман ба ин хоки Ватан дилбандам,
Ба рухи поки Ватан дилбандам,
Ба ҳамин рӯз, ки ин дам дорам,
Сари таъзим фурӯ меорам.
Дар замири дили пуранворам,
Донаи меҳру вафо мекорам.
Назар афканда ба ҳар фарзандам,
Ба рухи поки Ватан дилбандам.
Ҳар ниҳол арчи замин бошад сахт,
Баъди даҳ сол шавад нағз дарахт.
То дамад шаъшааи субҳи бахт,
Хоҳу нохоҳ ба вай лозим вақт.
Дида гулзори шакарпайвандам,
Ман ба ин хоки Ватан дилбандам.
Дар баҳорон, ки аҷаб гулбезанд,
Абрҳо донаи гавҳар резанд,
Сабзаҳо мавҷзанон бархезанд,
Токҳо ҳалқа ба гӯш овезанд,
Ман аз ин ҳусни расо хурсандам.
Ба рухи поки Ватан дилбандам.
Аввалин дафъа дилам чун битапид,
Хуни нофам ба ҳамин хок чакид,
Чашмаи ишқам аз ин хок дамид,
Сарам аз фахр ба хуршед расид.
Хоҳ ман гиряму хоҳе хандам,
Ба ҳамин хоки Ватан дилбандам.
Мо тарафдори сулҳем
Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем,
Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем,
Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем,
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.
Моро Ватану модару ҷонона азиз аст,
Меҳри дилу ободии ҳар хона азиз аст,
Осудагию кори далерона азиз аст,
Ҳар як қадами худ ба ҳамин азм гузорем.
Сулҳ аст чунон қалъаи пурқудрати маҳкам,
Маҳкам бикунад боз варо халқ дамодам,
Ҳар кас ки бихоҳад шарафи одаму олам,
Ӯ ҳамраҳи мо бошаду ҳамфикру қарорем.
То ҳифз намоем ҳама пиру ҷавонро,
То дур кунем аз ҳама ҷо офати ҷонро,
Хунмаст ҷанобони ҷаҳонсӯзи ҷаҳонро
Бо тантана бар суди адолат бисупорем.